Имрӯзҳо дар шабакаҳои YOUTUBE (Ютуб), FACEBOOK (фейсбук) ва дигар намуди шабакаҳои интернетӣ сомонаҳои гурӯҳҳои террористю экстримистӣ фаъол гашта, дар як шабонарӯз чандин ҷавоноро гумроҳ менамоянд. Аз ҷумла: гурӯҳҳои “ал-Қоида”, “Ҳаракати Толибон”, “Гурӯҳи исломӣ”, “Созмони таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, “Давлати исломӣ”, “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” ва “гурӯҳи 24” фаъол буда, ҳамарӯза дар шабакаҳои саросари интернет машғул ба таблиғу ташвиқ буда, роҳҳои заифии ҷавоноро думбол намуда онҳоро ба доми худ меафтонанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизро ҳамчун вазифаи аввалиндараҷаи худ дониста, пайваста дар ин самт ҷораҳои зарури андешида мешавад. Тоҷикистон яке аз шарикони асосии созмонҳои ҷаҳонӣ буда, дар ин мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористӣ пешниҳодҳои мухталифро ба анҷом расонида, аст. Тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт пурзӯр гашта, пайваста дар ин мубориза шарик мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки “Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Вале, терроризм ва ифротгароӣ пеш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст”. Новобаста аз он, ки Ҷумҳурии Тоҷикисто пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ Истиқлолияти худро 9-уми сентябри соли 1991 ба даст овардааст. то ҳол масоили пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пурра ҳалли худро наёфтааст. Экстремизм – аз калимаи франсузии “extremisme” ва лотинии «extremus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, якравона, аз ҳад гузаштан буда, экстремист – шахсиятест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. Экстемизм (тундравӣ аз андоза гузаштан) шахсро ба сӯи содир намудани ҷиноятҳои марбут ба терроризм мебарад. Яке аз сабаҳои ворид шудани ҷавонон ба ин гурӯҳои террористӣ надоштани дониши кофи нисбати дини ислом ва нодуруст фаҳмидани оятҳои Қурони Карим, кам будани дониш, тарзи нодуруст истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, шароити вазнин ва сатҳи пасти зиндагӣ, мавҷуд набудани ҷои кор, манзил, камбизоатӣ, нодорӣ боиси норозигӣ ва гаравидани баъзе гурӯҳҳо ба экстремизм ва терроризм мегардад.. Тайи солҳои охир ҷавононе низ ёфт ва мушоҳида мешавад, ки дар байни аъзои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ фарзандони оилаҳои сарватманд, ки ба ягон шароити зиндагӣ муҳтоҷ нестанд ворид гардиданд. Хулоса мо ҷавонон набояд фирефтаи ваъдаҳои беасоси гурӯҳҳои террористӣ гашта, ба давлати азизамон ки бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз зебо гашта, номи худро дар ҷаҳон муарифи намудааст, нагузорем, ки обурӯю этибори давлатамонро лакадор бисозанд ва ҷовононе, ки ба ин роҳ мехоҳанд ворид гарданд онҳоро дар якҷоягӣ ба сӯи ватандӯстию ватанпарастӣ ҷалб намоем. Мубориза бар зидди гурӯҳои терористю экстриместӣ вазифаи ҳар як фарди Тоикистони мебошад. Эшонзода Сайволиддин. Мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии МИҲД ноҳияи Ховалинг.
Сабтҳои охирин
Сухани табрикотии раиси ноҳияи Ховалинг ба Рӯзи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз! Имрӯз дар саросари мамлакат 28 – солагии Рӯзи Кувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хосата ҷлил намуда истодаанд. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми ноҳияро табрику таҳният гуфта, бароятон саломативу сарбаландӣ, хонаи обод ва осмони софу рӯзгори осӯдаро таманно менамоям. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки […]
Табрикти Раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик
Муҳтарм кормандон ва ҳомиёни Мақомоти корҳои доилӣ ватан! Бо сарбаланди дар ин лаҳзаҳо бо камоли ифтихор мехоҳам ҳамаи шумо – кормандон, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилиро, ки дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд саҳми арзанда мегузоред, бо иди касбиатон – “РӮЗИ МИЛИТСИЯ ТОҶИК” табрику таҳният гуфта, ба шумо тани сиҳат, […]
ВОХӮРИИ И.В. РАИСИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ НОҲИЯ
Санаи 27 августи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи бахши фарҳанги ноҳияи Ховалинг вохӯрии и.в раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, имомхатибон, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва деҳаю кӯчаҳо баргузор гардид. Зимни вохӯри Набизода Фаррухиддин баромад намуда, қайд намуданд, ки бояд ҳар яки мо баҳри […]