Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

ТАМОШОИ ПАХШИ МУСТАҚИМИ ПАЁМ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

28.12.2023 дар Кохи Сомони пойтахт Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардида истодааст. Тамоми  ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Ховалинг ва сохторҳои давлатӣ пахши мустақими Паёмро тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо  карда истодаанд.

Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг  дар толори калони бинои мақомоти иҷроия ҷамъ омада, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо доранд.

Инчунин бо ибтикори МИҲД ноҳияи Ховалинг тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия аз ҷумла, Раёсати молия, шуъбаи маориф, бахши фарҳанг, Китобхонаи марказӣ, Нозироти андоз, Колеҷи тиббӣ, ШВКД дар ноҳияи, идораи Оташфишонии ноҳия,  филиали Амонатбонк ва КИ ҲХДТ дар ноҳия Ховалинг ташкил карда шуд.

Маълум гардид, ки Паёми Президенти мамлакат барои ҳар як фард ва  корманд як маъракаи муҳими сиёсӣ аст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *