Эълонҳо

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, 1-ҷой, маоши мансабӣ 1427, 60 сомонӣ; Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия: -сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,1-ҷой, маоши мансабӣ 1427, 60 сомонӣ; -мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,1-ҷой, маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ; Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот -мутахассисипешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати шаҳраки Ховалинг,1-ҷой, маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ; -мутахассиси пешбар оид ба ҷамъоварии андози Ҷамоати шаҳраки Ховалинг, 1-ҷой, маоши мансабӣ 1062,40  сомонӣ; -мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Ховалинг, 1-ҷой, маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ; -мутахассиси назорат ва муроҷиати шаҳрвандони Ҷамоати шаҳраки Ховалинг, 1-ҷой, маоши мансабӣ 871, 50 сомонӣ; -мутахассиси пешбар оид ба ҷамъоварии андози Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо,1-ҷой, маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ; -мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт, 1-ҷой, маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ; -мутахассиси пешбар оид ба ҷамъоварии андози Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт,1-ҷой, маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ;   Барои иштирок дар озмун  ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: – ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли замимаи 1 ; – варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона аксиандозаи 4х6); – тарҷумаи ҳол; – нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот; – нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад); – маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ; – нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда; – маълумот дар бораи ҷойи зист ва оиладорӣ; – эломия аз нозироти андоз дар бораи даромад ва вазъи молу мулк; – нусхаи шиноснома; – нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд). -гувоҳнома дар бораи надоштани доғи судӣ Талаботитахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис   – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; – 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. –  малакаи кор бо компютер.                        Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар -таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. –  малакаи кор бо компютер. Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. – малакаи кор бо компютер.   Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо Ноҳияи Ховалинг, кӯчаи И.Сомонӣ 1, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия телефон:  8331720126, 8331720124 Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияи расмӣ ва сомонаи Агентии  хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эзоҳ:  Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад. Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Ховалинг        

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *