Аксҳо Изҳороти расмӣ Суханрониҳои раиси ноҳия Хабарҳо

АЁДАТИ САРБОЗОНИ ҚИСМИ НИЗОМӢ АЗ ТАРАФИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

  Ховалинг: Рӯзи 22-уми феврали соли 2024 дар пайравӣ  аз сиёсати  хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида  ба 31-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар дидбонгоҳи сарҳадии дуюми  Сари Ғори ҚС КАДМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Ш. Шоҳин ҷойгир аст, чорабинии фарҳангӣ  гузаронида шуд.

  Дар чорабинии имрӯза  Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин,  ва дигар фаъолони ноҳия иштирок доштанд.

 Нахуст, Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин афсарону сарбозони  далеру шуҷоъи Ватанро  бо 31-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон   табрику таҳният гуфта,  қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кору фаъолияти ҷавонони имрӯза изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки имрӯзҳо ҷавонон дар тамоми соҳаҳои иқтисодии миллии мамлакат, инчунин дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳиссаи назаррас мегӯзоранд.

 Аз тарафи МИҲД ноҳияи Ховалинг ба ин қисми низомӣ  кумаки ғизоии ниёзи аввал аз қабили орд, равған, гушт, макарон,  картошка, пиёз ва  дигар  ашёи зарурӣ расониданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *