Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ ҶАВОНОН – ҒОЯИ АСОСИИ ДАВЛАТ!

 

 

Бегоҳии санаи 23 майи соли равон, дар мавзеи таърихии Чилчанори ноҳия бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин Амурдин, муовинон, сардорони Раёсат, мудирони шуъбаву бахшҳо, сарварони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва доираи васеи ҷавонон, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати тоза таҷлил карда шуд.
Дар даромадгоҳи мавзеи таърихии Чилчанор раиси ноҳия ва ҳамроҳонашро як гуруҳ ҷаонони фаъоли ноҳия бо шеъргӯӣ пешвоз гирифтанд.

Сипас иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия ба сухан баромада, ҷавононро ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният гуфта, таъкид дошт, ки ҷавонон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат қарор доранд.
Қайд гардид, ки Шумо – нерӯи ободгари имрӯзи кишвари соҳибистиқлоламон ва созандагони ояндаи ободу осудаи Тоҷикистони азизро ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо иқболи нек ва комёбиву пешрафт орзу менамоям.
Қобили зикр аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, то ба имрӯз ҳар як иқдоми созандаи ҷавонон дастгирӣ ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳо ҳамеша қадр карда мешаванд.Ҷавонони кишвар низ бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул мебошанд.

Дар ин зимн аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва ба як гуруҳ ҷавонону фаъолони ноҳия, ки дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми арзанда доранд Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ тақдим гардиданд.
Дар фарҷом бо иштироки васеи аҳли фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангӣ -фароғатӣ пешниҳоди ҳозирин карда шуда, ҷавонон саодатманди диёри Ховалинг  дар фазои орому осуда хурсандӣ намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *