Хабарҳо

ВАҚТИ САГ РАСИД, ДЕВОРИ МАСҶИДРО ИФЛОС МЕКУНАД

Рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ садои Аҳмад Фирӯз ва якчанд ҳаммаслаки ӯ, ки худро «домулло» ва «мавлавӣ» унвон додаанд, моро водор намуд, ки нисбати чунин ашхосе, ки умуман ба дин рабте надоранд ҷавоб фиристам. Аслан суханҳои ин қабил нафарон иғоангезӣ ва ошуббарнгезиро ба миён меорад. Зеро вақте, ки нисбати як давлати орому осоишта, ки сокинонаш дар ҳавои сулҳ суббот кору фаъолият менамоянд, суханҳои таҳқиромез гуфта, иғвоандозӣ намоӣ, ҳама мардум нисбатат нафрат пайдо менамоянд. Аз рӯи суханони пучу бемаъно ва иғвогаронаатон маълум мешавад, ки шумо на ҳомии дини ислом, балки пайрави аслии шайтон ҳастед. Зеро тафриқаандозӣ ва амну осоиштагиро барҳам задан ва низоъ андохтан вазифаи ҷонии шайтон аст.
Ту пайрави шайтони лаъйин дар кишвари худат ҳамон Афғонистон аккос зада, мардумро ба ҷангу хархаша даъват намо. Мо тоҷикон он миллати солҳои навадуми асри гузашта нестем, ки ба ҳиллаву найрангҳои рубоҳмонанди шумо ва шумобаринҳо бовар карда, амнияту осоиштагӣ ва сулҳу суботи бар ивази ҷони чандин ҳазор ғурамаргону шердилон ба даст овардамонро барҳам диҳем. Мо намегузорем, ки бадғаразону бадниятон тарафи Сарвари маҳубби мо, ки дар кишвари мо ободиву озодиро роҳандозӣ намудааст, аккос зананд.
Бояд як сухани дигарро ба шумо фаҳмонам, ки бо боварӣ мегӯям, ки занони афғон аз тарси Худованд не, аз тарси шалоқу силоҳ ва бераҳмии шумо мулову мавлавиҳои аз инсоф дур сатру ҳиҷоб карда, фаранҷӣ ба сар мекашанд. Мардуми бегуноҳи афғон тулии 40-сол аст, ки аз зулму бедодгариҳои шумо гуё диндорон азоби гурӯснагиву бедавлатӣ ва аз озодӣ маҳрумиро мекашанд.
Вақте, ки китоби муқаддаси Қуръонро дар Шветсария сӯзониданд, Шумо муллоҳои ба ном исломпарвар ва худошинос дар куҷо будед, ки бар зидди онҳо вокуниш нишон медодед? Имрӯз бошад олими дини ислом Ҳоҷӣ Мирзоро гунаҳгор сохта, дар куҷо будани онро мепурсед? Оид ба сӯзонидани китоби муқаддаси Қуръон аввалин шуда, Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар созмонҳои бонуфузи байналдмилалӣ оид ба ин қазия вокуниш нишон дода, амалҳои онҳоро маҳкум намуд ва аз Қуръон ва дини ислом муҳофизат кард. Аммо шумо лошахӯрон танҳо ғизои мурдор кофта, худро ҳомии дини ислом мешуморед.
Ман ҳамчун як ҷавони зодаи даврони соҳибистиқлолӣ, ҷавоне, ки дар даврони сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ тарбия гирифтаам, аз ҳама ҷавонон даъват бар амал меорам, ки фирефтаи буҳтону шиорҳо ва ҳарзагӯиҳои дуруғини ин пайравони шайтон нагарданд ва дар атрофи Сарвари хирадманду ватандӯст гирд омада, баҳри ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ сина сипар намоянд.

Бобоҷон Зоиров, сокини ноҳияи Ховалинг

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *