Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг даври дуюми мулоқоту суҳбатҳо оид ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гашта истодаанд.
Бо ин мақсад дар МТМУ №4-и деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бо омӯзгорон ҷавонон ва волидайни хонандагон суҳбату мулоқот доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Бадурдинзода Ибодат намояндаи шуъбаи маориф, васояту парасторӣ ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоии МИҲД-и ноҳия ширкат доштанд.