Хабарҳо

РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МАКТАБИ №13 ДЕҲАИ САНГРЕЗГИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛОҲУТӢ

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин Амрудин зимни вохӯрӣ бо сокинони деҳаҳои Сафедшаҳрак ва Сангрезгии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, ҳамзамон аз рафти корҳои сохтмони бинои нави МТМУ №13-и деҳаи Сангрезгӣ дидан намуданд.

Тавре, ки иттилоъ дода шуд, муассисаи бунёдшаванда тибқи лоиҳа аз ду ошёна ва 10 синфхонаи барҳаво иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бинои нави муассиса дар заминаи мактаби куҳнаи рақами 13 қомат афрохта, бо дастгириҳои роҳбарияти МИҲД вилояти Хатлон сохта мешавад.

Айни замон корҳои сохтмонӣ дар қисмати деворҳои бино ҷарраён дошта, дар ояндаи наздик дар ин макон муассисаи наву замонавие бо шароити муосири таълиму тадрис рӯи кор хоҳад омад.

Ҳаминтавр, Набизода Фаррухиддин аз раванди корҳо дар ин иншоот пурра ошно гардида, ба масъулин ҷиҳати сари вақт ва босифат ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо дод.  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *