Чорабинии сатҳи байналмилалӣ-дар Ховалинг баргузор мегардад.
Ховалинг қадимтарин гӯшаи Осиёи Марказӣ буда, дар илмҳои гуногун ҳамчун ташхисгоҳи (лабараторияи) табии сатҳи байналмилалӣ хизмат мекунад. Тазаккур бояд дод, ки Ховалинг бо доштани маконҳои таърихӣ ва захираҳои бойи сайёҳӣ на фақат диққати сайёҳону меҳмонон, балки диққати донишмандони хориҷиро низ ба худ ҷалб намудааст.
Чорабинии мазкур аз 4 то 6 мохи октябр дар назди маскангоҳҳои одамони ҷамоаи ибтидоӣ-асри санги ноҳияи Ховалинг (Кулдара, Лоҳутӣ, Шугнов, Хонақоҳ ва Дӯстӣ) баргузор мегардад.
Мақсад аз даъвати меҳмонони бурунмарзӣ муаррифӣ намудани қадимтарин бошишгоҳҳои одамон дар ин сарзамин ва ҳамчун ноҳияи саёҳӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Чорабинии мазкур бо ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи байналмилалӣ оид ба омӯзиши даври чоруми замин, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМТ, Донишгоҳи шаҳри Осло, Институти бостоншиносӣ ва мардумшиносии ШСАИ Россия, факултаи ҷуғрофии ДДМ ба номи М.В.Ломоносов, Институти ҷуғрофии АИ Россия ва Лоиҳаи байналмилалии ТНОСА амалӣ гардонида мешаванд.