Хабарҳо

Дар мубориза бар зидди ифротгарои бетараф набояд буд

                  Шукри Парвардигор,шукри  пешвои муаззами миллат, ки Ватани мо Тоҷикистон яке аз давлатҳои амнтарин дар миқёси олам шинохта шудааст ва мардуми шарифи ин диёр дар сояи амну осоиштагӣ ва дур аз хайфу хатар умр ба сар бурда истодаанд. На бояд фаромӯш намоем, ки то ба ин рӯзҳои нек расидан падарону бобоёни мо чи рӯзҳои сахту сангинеро аз сар гузарониданд. Ҳарчанд ки ҷавонони мо ин рӯзҳои сахту сангинро надида бошанд ҳам, аммо аз китобҳо, маҷаллаҳо, намоишҳои телевизионӣ ва нақлҳои падару бобоёнашон борҳо шунидаанд, ки чӣ рӯзҳои вазнинеро миллати тоҷик аз сар гузаронида буд. Бародар бо бародар, падар бо писар, ва ҳамсоя бо ҳамсоя дар дил кинаву адоват дошту қасд ба ҷони якдигар мекард. Набояд фаромуш сохт, ки то ҳол гуруҳои тафриқаандоз, ки бештар гумоштагони хоҷагони хориҷианд бо ҳар тарзу усул мехоҳанд баъзе ҷавонони миллати моро, ки берун аз марзи кишвар барои пайдо кардани ризқу рӯзии фарзандон, заҳмат мекашанд, гумроҳ намуда, аз огоҳ набудани дониши кофии динии баъзеи онҳо сӯиистифода карда, дар назари онҳо ба муқобили давлат бархостанро роҳандозӣ намуда, аз онҳо муҷоҳид созанд. Ин дар сурате аст, ки онҳо на мафҳуми муҷоҳидро медонанду на вазифаҳои онро. Яъне ба гумроҳӣ мераванд. Аз чунин вазъият хоҷагон ба манфиати худ истифода намуда, онҳоро ба сӯи марг ҳидоят мекунанд. Инчунин гуруҳҳои мазкур аз ҷаҳолат мепиндоранд, ки вазифаи инсониву исломии худро назди Худованд бо сарбаландӣ иҷро кардаанд. Онҳо фаромӯш сохтаанд, ки аз ҳама амали зишт ва нобахшиданӣ назди Худованд ин хиёнат ба Ватану миллат ҳисоб меёбад. Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда  мехоҳанд миёни мардум  паҳн намоянд, дарон  зоҳир  меёбад, ки ҷавонони камтаҷриба ва ноогоҳро ба худ  ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли  фирефтаи  таълимоти «гӯё  динӣ» онҳоро  бар зидди ҳукумату давлат ва ҳаттоаҳли  хонаводаи  хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро баистилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ  ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро  то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу  заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри  худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.  Қайд  кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои  фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан  ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Сабаби пайдоиш ва паҳнгардидани ин гунна падидаҳои  номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар  будан аз маърифати ҳуқуқӣ  ва  худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро  мегардад. Дар чунин вазъият ҳар як фарди  соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза-терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.   Ардашер Исломов,  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *