Хабарҳо

Ба зуҳуроти номатлуб- терроризм ва экстремизм мубориза бояд бурд.

            Дар ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари ҷиддие, ки бо бақои одаму олам тахдид менамояд рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, онҳое ки мегуянд терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тули таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда, омадааст беасос нест. Решаҳои терроризм хело чуқур буда, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ-фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва бо кадом мақсад рух додааст. Дар аҳли қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёси мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафканӣ мехостанд  мақсадҳои худро ба души дигарон бор намоянд. Дар ин давраҳо амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди одамони зиёд мегардид. Дар охири асри ХIХ ва ХХ амалҳои террористӣ характери сиёсӣ ба худ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ мегардад. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Махсусан амалиёти террористӣ, ки 11-сентябри соли 2001 да ИМА анҷом дода шуда бо бераҳмӣ, густохӣ ва теъдоди одамони қурбон шуда бесобиқа мебошад. Ҳанӯз як сол нагузашта, террористон 23-26-октябри соли 2002 дар Маскав кӯшиши гузаронидани чунин амалиётро бо гаравгон гирифтани зиёда аз ҳазор тан аз мардуми бегуноҳ намуданд, ки дар натиҷаи амалиёти зидди террористӣ даҳҳо нафар аз шаҳрвандони бегуноҳи Маскав ба ҳалокат расиданд. Терроризм ва экстремизм аз мафҳумҳоест,ки дар замони муосир вирди забонӣ ҳама гардидааст ва ин ду мафҳум ба ҳамдигар алоқаманд буда ҷудонопазир мебошанд. Истилоҳи “Терроризм” аз калимаи лотинии “Terror” гирифта шуда маънояш тарс ва ваҳм мебошад. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амали созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумеди овардан аст. Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.  Айни замон масъалаҳои марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташаниҷ боқи мемонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат Президунти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар баромадҳояшон аз минбари СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ иброз доштанд, ки “Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад” Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон гуруҳҳои террористии бо ном «Давлати исломӣ» руҳониён ва исломшиносон борҳо таъкид карданд, ки амалкардҳои ин гуруҳҳои ифротгарой ва дигар гуруҳҳои экстремистиву террористӣ, ки бо ном «ҷиҳод» анҷом дода мешаванд, бо исломи асилу ноб робитае надоранд. Дар натиҷаи амалётҳои нопоки онҳо,  хуни ҳазорҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ рехта мешаванд, кӯдакон бесарпаноҳ ва занон ба ҳалокат мерасанд. Чунон ки дар боло қайд карда шуд ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва эктремисти  дошта ба ҷомеаи ҷаҳони таҳдид дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкур ба Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон ба инобат гирифта як қатор санадҳои меъёрию ҳуҳуқиро қабул намудааст,ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои мубориза ба зидди ҷиноятҳои хусусияти террористи ва эктремисти дошта муазаф гардидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷистон «дар бораимубориза бар зидди терроризм» аз 16-ноябри соли 1999 кабул шудааст. Мақсади қонуни мазкур аз инҳо иборат аст: Татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, татбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар терроризм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм, ташакулли вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм, ошкор ва пешгирӣ ва катъ намудани фаъолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои терроризм. Вобаста ба гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт татбирандешӣ намуда истодааст. Мо ҷавонон ҳамеша ба суханони пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайрави намуда, терроризм ва экстремизмро шидатан маҳкум намоем. Инчуни барои ҳифзи якпорчагии ин ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои милатро дастгири мекунем. Бояд қайд намуд, ки назар ба давлатҳои абарқудрати дунё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳои хусусияти террористи ва экстремистидошта кам ба назар мерасад. Маврид ба зикр аст, ки ҳамаи ин аз заҳматҳои шабона рӯзи Роҳбари хирадманди давлати мо гувоҳи медиҳад.                                                                                                                                           Юсуфзода Қубод Юсуф

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *