Дар асоси нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори ноҳияи Ховалинг аз моҳи сентябри соли равон дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бо омӯзгорон, хонандагон ва волидайни онҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, гурӯҳҳои таблиғотӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия, бо ҳайати омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ вобаста ба масоили марбут ба ҳамкориҳои тарафайни мақомоти ҳифзи ҳуқуқу маориф ва оила мунтазам вохӯрхо баргузор гашта истодааст.
Дар ин асно, санаи 2-юми октябри соли 2024 аз ҷониби гурӯҳи таблиғотӣ дар муассисахои таълимии №29-и дехаи Клолун ва №24-и дехати Сангдара-и ҷамоати Шугнов бо хонандагону омӯзгорон ва волидайн мулоқоти судманд баргузор гардид.