Дар мулоқот И.в. раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин бо намояндагони ин Лоиҳа доир ба мавзеъҳои осебпазир ва хавфноки ноҳия суҳбат намуданд.
Зимни суҳбат қайд гардид, ки ноҳияи Ховалинг яке аз ноҳияҳое мебошад, ки ҳамасола бар асари боронҳои пай дар пай ва омадани сел ба хоҷагии халқи он хисороти зиёд ворид мешаванд. Ноҳияи Ховалинг, ки дар миёни кӯҳҳо ҷойгирасту аз ҳудуди он сою дарёчаҳои зиёд мегузарад, дар фаслҳои тирамоҳу баҳор ҳангоми боришоти пай дар пай омадани сел ва фаромадани ярч борҳо ба қайд гирифта шудааст.
Баъди анҷоми вохӯрӣ коршиносон ва намояндагони Лоиҳа барои ошноӣ пайдо намудан аз мавзеъҳои осебпазир ва хавноки ҳудуди ноҳия ба деҳаҳои Шугнов, Заркӯҳ ва Оби мазор роҳсипор шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Лиҳаи мазкур дар заминаи ҳамкориҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба зиммаи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон вогузор шудааст.
Бояд гуфт, ки мақсади асосии Лоиҳа – ин паст намудани хавфи офатҳои табиӣ барои аҳолии минтақаҳои фарогир, баланд бардоштани устувории онҳо вобаста ба тағйирёбии иқлим ва беҳсозии рушди минбаъдаи деҳот мебошад.
Лоиҳаи мазкур дар шаҳрҳои Кӯлоб, Панҷакент инчунин ноҳияҳои Рашт, Ховалинг ва Муъминобод ба роҳ монда шудааст.