Санаи 10 октябри соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳия ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ховалинг дар нуҳ моҳи соли 2024 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Сарраёсати бойгонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ланграӣ Ҷамила Салмон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сардори Раёсати кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб Гулмаҳмадзода Мирзохон, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин Амрудин баргузор гардид.
Ҳамчунин дар ҷаласаи ҷамъбастии мазкур муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони муассисаҳову ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъу панҷвақта, директорони муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Нахуст дар маҷлис муовини раиси ноҳия Бадурдинзода Ибодат оид ба ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ховалинг дар нуҳ моҳи соли 2024 маърӯза намуд. Зимни баромад қайд гардид, ки дар нуҳ моҳи соли равон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» фаъолият намуда, дар нуҳ моҳи соли 2024 ҷиҳати пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёт корҳои муайянеро ба сомон расонида, ба нишондодҳои назаррасу мусбӣ ноил гардидааст.
Дар идомаи кори ҷаласа як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳо оид ба фаъолияти корӣ дар нуҳ моҳи соли равон ҳисобот пешниҳод намуданд.
Сипас, намояндагони дар ҷаласа ширкат дошта, Лангарӣ Ҷамила Салмон ва Гулмаҳмадзода Мирзохон баромад намуда, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, ва дигар фаъолони ноҳияро баҳри ободу зебо нигоҳ доштани кӯчаю роҳҳо, гулгашту хиёбонҳо ва пурра таъмин намудани дурнамои кишти тирамоҳӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, истифодаи самараноки заминҳои лалмӣ баҳри бунёди боғҳо, иҷрои саривақтии нақшаи андоз ва кам кардани бақияпулиҳо ва ғ вазифадор намуданд.
Баъди анҷоми суханрониҳо аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ланграӣ Ҷамила Салмон ба И.в. раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин Амрудин бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо пеш аз муҳлат ва ду зина боло рутбаи ҳарбии афсарии «КАПИТАНИ ЭҲТИЁТӢ» тақдим гардид.
Дар охир аз ҷониби Набизода Фаррухиддин ҷиҳати пурра таъмин намудани дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, иҷрои саривақтии нақшаи андоз ва кам кардани бақияпулиҳо, сарфакорӣ дар истифодаи нерӯи барқ, ҷалби мутахассисони таҷрибадор дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ барои соли 2025 ва дигар масъалаҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.