Сайёҳӣ Хабарҳо

ПАЗИРОИИ МЕҲМОНОНИ ХОРИҶӢ ДАР ДАРОМАДГОҲИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ, АЗ ТАРАФИ МАСЪУЛИНИ МИҲД НОҲИЯ

Ёдовар мешавем, ки олимон, таҳқиқотчиён ва коршиносони соҳаи археологӣ аз давлатҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон,  Олмон, Амрико, Канада, Чин ва Озорбойҷону Фаронса ба ноҳияи Ховалинг ташриф оварданд.
Онҳо тули ду рӯз, санаи 4 то 6 октябр аз аввалин бошишгоҳҳои одамони ҷамоаи ибтидоӣ – асри санги ноҳия (Кӯлдара, Лоҳутӣ, Шугнов, Хонақоҳ ва Дӯстӣ) дидан менамоянд.
Меҳмононро дар даромадгоҳи ноҳияи Ховалинг занону бонувони ноҳия чун анъанаҳои аҷдодӣ бо нону ширинӣ пешвоз гирифта, хайрамақдам намуданд.
Баҳри болидаруҳии меҳмонон аз ҷониби сарояндагони ансамбли “Чилчанори Ховалинг” суруду таронаҳои дилнишин ва навои фораму роҳатбахши дутор пешниҳод гардид.
Хаминтавр, масъулин меҳмононро дар яке аз меҳмонхонаҳи хуштарҳу замонавии ноҳия хуб пазироӣ намуда, чун рамзи дӯстӣ ба ҳар яки онҳо тоқиҳои чакандӯзӣ тақдим намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *