Аҳолӣ Барномаҳои давлатӣ Барномаҳои минтақавӣ Вохӯри бо ҷамоат Хабарҳо

САҲМИ ШӮРОҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ

Дар асоси банди 3 Нақша чорабинии байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе дар ноҳияи Ховалинг бо кормандони ШВКД дар ноҳия ва шуроҳои ҷамъиятии назди ШВКД вохӯрии судманд ташкил ва баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло, И.в. раиси ноҳия Набизода Фаррухиддин, намояндаи Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе, кормандони ШВКД дар ноҳияи Ховалинг, раисони ҷамоату маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Набизода Фаррухиддин ҳозиринро ба ноҳияи Ховалинг хайрамақдам гуфта, оид ба вусъат бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа суханронӣ намуд.
Сипас, дар вохӯрӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло ва ҳайати ҳамроҳонаш оид ба мавзӯи матраҳгардида суханронӣ намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *