Аксҳо Аҳолӣ Маориф Нақшаҳо Хабарҳо

ИДОМАИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ ВА БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРҲО БО ХОНАНДАГОНУ ОМӮЗГОРОН ВА ПАДАРУ МОДАРОН ДАР САМТИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ КОРҲОИ ИДЕОЛОГӢ ВА МАЪРИФАТӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

16 октябр гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо усули “Мактаб ба мактаб” бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30 – юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом доданд.
Вохӯрии мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №35 деҳаи Айлодараи Ҷамоати деҳоти Ғ. Мирзо доир карда шуд.
Вохӯри бо иштироки намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия Яҳёев Ҳабибулло, намояндаи бахши кор бо ҷавонон Нуров Рустам, котиби комиссияи мақомоти васоят ва парастории МИҲД ноҳия, Одинаев Ҷангихон, мудири бахши дин Ҳиматов Абдулло ва дигар намояндагон, хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби гурӯҳи таблиғотӣ доир ба мавзуъҳои пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирӣ онҳо аз шомилшавӣ ба терроризму экстремизм, ҳатмӣ будани зинаи сеюми таҳсилот, хизмати ҳарбӣ, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва “Дар бораи маориф”, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон баромаду суханронӣ карда шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *