Раиси ноҳия Фарҳанг Хабарҳо

Ховалинг, 15.11.2024 ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА 32 СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Возможно, это изображение 1 человек, помост и текстСанаи 15 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи бахши фарҳанги ноҳия, ба ифтихори Рӯзи Президент ва 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона таҷлил карда шуд.
Дар чорабинӣ И.в. раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва сокинони ноҳия ширкат доштанд.
Пеш аз оғози чорабинӣ раиси ноҳия ва ҳамроҳонаш аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дидан намуданд.
Возможно, это изображение 2 человека, помост и текст
Дар қисмати сиёсии чорабинӣ раиси ноҳия Набизода Фаррухиддин Амрудин суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ду санаи муқаддасу таърихӣ таҳният гуфт ва перомуни мазмун ва моҳияти санаҳои таърихии болозикр гуфта гузашт. Қайд намуд, ки таҷлил намудани Рӯзи Президент дар давлатҳои гуногун таърихи хеле қадима дорад. Ҷомеаҳои мутамаддин ҳамеша санаҳои сарнавиштсоз ва хосро гиромӣ дошта, ба хотири арҷ ва эҳтиром гузоштан, чунин рӯзҳоро бо шукӯҳу шаҳомат ва тантанаи хос таҷлил менамоянд.
Нет описания фото.
Аз саҳфаи таърих дар ёд дорем, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шуруъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.
Бо назардошти хизматҳои содиқона ва мардумпарваронаи Пешвои миллат халқи шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯзҳо ин санаи фархундаро бо эҳтиром ба Сарвари давлат ҳамчун Рӯзи Президент бо фараҳу шодӣ ва шукуҳу шаҳомати хос ҷашн мегиранд.
Ҳамин тавр, собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ Аҳрорзода Гулбарг ва омӯзгори Гимназияи давлатии ноҳия низ баромад намуда, нисбат ба хизматҳои шоёни Пешвои миллат ҳарф заданд.
Баъди суханрониҳо ба як қатор фаъолон ва собиқадорон сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлдатии ноҳия тақдим гардид.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ бошад, ҳунармаандони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватан ва Пешвои миллат хотири аҳли нишастро шод гардониданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *