Дар ҳама давру замон фарзандони асилу ҷонфидои миллати тоҷик бо ҷасорату матонат ва шуҷоату қаҳрамонии хеш номашонро дар саҳифаҳои таърих абадан сабт кардаанд.
Дар ноҳияи Ховалинг бахшида ба 30- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Рӯзи милитсия тоҷик” иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин ба аёдати оилаҳои сарбозону афсароне, ки дар ҳифзу ҳимояи хоки сарзамини хеш шаҳид гаштаанд рафта аз ҳолу зиндагияшон пурсон шуда, ба ин оилаҳо маводҳои ғизоӣ аз қабили орд, равған, шакар, макарон, биринҷ ва дигар маводҳои рӯзгорро тақдим намуданд.
Ҳангоми сӯҳбат бо оилаҳои номбурда, Набизода Фаррухиддин миннатдории Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба онҳо расонида, қайд кард, ки номи ин шахсиятҳои таърихӣ дар хотири миллати тоҷик абадан нақш хоҳад баст ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд.