Санаи 12-уми ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи ШВКД-и ноҳия чорабинӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик баргузор гардид.
Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин, ёрдамчии прокурори ноҳия Тағоев Давлат, корманди шуъбаи КДАМ дар ноҳия, Мусозода Қиёмиддин сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ховалинг подполковники милитсия Амрдинзода Ҷамахон Амрдин ва дигар собиқадорони соҳаи мазкур иштирок доштанд.
Зимни баргузории чорабинӣ раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин баромад намуда, ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияро ба муносибати иди касбиашон таҳният гуфта, аз замони таъсис ва фаъолияти ин ниҳоди боэътимоди давлат ва хизматҳои онҳо дар таҳкими волояти қонун, тартиботи ҷамъиятиву ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ёдовар шуда, хизматҳои шоистаи кормандони милитсияро нек арзёбӣ намуд.
Сипас, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия подполковники милитсия Амрдинзода Ҷамахон Амрдин, баромад намуда, роҷеъ ба фаъолият ва дастовардҳои кормандони шуъба суханронӣ кард.
Ҳамин тавр, ёрдамчии прокурори ноҳия, Тағоев Д, Сардори собиқадорони ниҳоди номбурда Аловиддин Ҷаъфаров баромад намуда, кормандон ва собиқадорони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик табрику таҳният гуфта, барояшон барори кор ва тансиҳатӣ таманно намуданд.
Дар чорабинӣ ба сад нафар аз гурӯҳи захиравӣ ва 59 нафар собиқадорону нафақахӯрон ва кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳия барои хизматҳои шоиста дар таҳкими қонуният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби Вазири корҳои дохили Генерал-полковники милитсия муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик туҳфаҳои пулӣ ва ба панҷ оилаи ин ниҳод, ки қурбони задухурдҳо дар ҳифзи Ватан гардидаанд бо туҳфаҳои молӣ сарфароз гардонида шудаанд. Инчунин ба 30 нафар кормандони фаъоли шуъба ифтихорнома ва сипосномаҳои ШВКД ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим гардид.
Баъд аз анҷоми чорабинӣ ҳама иштирокчиён дар яке аз мавзеъҳои таърихии ноҳия-чойхонаи Чилчанор бо як вақт хӯроки гарм қадршиносӣ гардиданд.
Ардашер Исломов