Ҳамдиёрони азиз, ҳозирини гироми
Имрӯз дар саросари давлатҳои собик Иттиҳоди Шӯрави 80 солагии иди Ғалаба дар Чанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ро бо тантана чашн мегиранд. Дар қатори дигар халқияту миллатҳо мардуми сарбаланди точик, аз чумла , сокинони ноҳияи мо ҳам ин чашни муборакро бо ифтихор ва шукргузори аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумати чумҳури, ба хотири гиромидошти қурбоншудагон ва маъюбону иштирокчиёни Чанги Бузурги Ватани, ки аз худ шуҷоату қаҳрамониҳо нишон додаанд, дар фазои сулҳу амонӣ таҳлил намуда истодаанд. Ба ин муносибат ҳамаи собиқадорони чангу меҳнат ва дар симои онҳо тамоми мардуми диёрро ба муносибати 80-солагии Ғалабаи Артиши Шӯрави табрику муборакбод намуда, бароятон саломатии бардавом ва осмони софу ҳаёти осоиштаро таманно дорам. Солҳои даҳшатноки Чанги Бузурги Ватани ҳарчанд дур раванд ҳам, ҳамон қадар диловариву часорат, корнамои ва қаҳрамониҳои фарзандони халқи точик дар ин набардҳо дар хотираи мо равшан мегарданд. Миллату халқиятҳои бонангу ори собиқ Иттиҳоди Шӯрави, ки точикон як чузъи
онро ташкил медоданд, дар муҳорибаҳои хунин ва нобаробари душман 1418 рӯз дар сафҳои пеши фронт ва дар ақибгоҳ истодагари карда, бо чонбозиҳои бемислу такрорнашаванда Ғалабаро аз болои фашизм ба даст оварданд. Ҳозирини муҳтарам! Маҳз далериву шӯҷоат ва чоннисории маъюбону собиқадорони Чанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 буд, ки инсониятро аз коми фашизми гитлери раҳонид. Душманон ният доштанд, ки бо андохтани низоъ ва нобоварӣ дар байни халқу миллатҳои гуногуни Шӯравӣ бо шикасти ин давлати абарқудрат ноил гарданд. Аммо тирашон хок хӯрд, пойдории сулҳу дӯсти, иттифоқи ва ваҳдату ягонагии халқҳои бародари собиқ Иттиҳоди Шӯрави имконият надод, ки онҳо ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Ин барои мағлубияти душман қувваи бузург буд.
Дар оғози чанг аз тамоми гӯшаву канори мамлакати паҳновари Шӯрави мардони ватандӯсту меҳанпарвар ихтиёран ба сафҳои фронт ҳамроҳ мегардиданд. Меҳнаткашони Точикистон ҳам, монанди намояндагони дигар миллатҳо ба дифои Ватан бархостанд. Дар ин солҳои мудиш зиёда аз 250 ҳазор нафар фарзандони содиқи халқи точик ба ҳимояи Ватан сафарбар гардида, танҳо 58 ҳазор нафарашон ба Ватан баргаштанду халос. Фиристодагони Точикистон дар майдони муҳориба аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон доданд. Ин чонфидоиҳо буд, ки 58 нафар ҷавонмардони тоҷик ба унвони Олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯрави, 15 нафар ба се дарачаи Ордени «Шараф» ва ҳазорон нафар ба ордену медалҳои гуногуни чанги қадр гардидаанд. Мо имрӯз назди фарзандони диёр, ки дар сафҳои фронт ва дар давраи
барқароркунии баъдичанги аз худ шучоату қаҳрамони ва меҳнати ҳалол нишон доданд, ифтихор дорем ва сари таъзим фуруд меорем. Насли наврасро дар ин рӯҳия тарбия намуда, бо дастгирии онҳо ҳисси шӯчоату ватандӯстиро ба онҳо меомӯзонем.