Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бахшида ба 28 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар МД Маркази тавонбахшии рӯзонаи “Ғунча”, ки дар ин марказ кӯдакони имконияташон маҳдуд тарбият мегиранд, чорабинии фарҳангӣ ва дастархон идона ороста шуд. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Бадурдинзода Ибодат, мудири бахши кор бо занон Назарова Садафмо ва дигар масъулин ширкат […]
Day: 27.06.2025
САҲМИ СОҲИБКОРОН
Боздиди раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин аз рафти сохтмони бинои ошхона дар назди мактаби №23 деҳаи Ҷомбахти Ҷ/д Ҷомбахт. Сохтмони бинои мазкур бо иқдоми наҷиби соҳибкорони маҳаллӣ ва ҷалби бошандагони деҳа ба роҳ монда шуда, дар назар аст, ки то моҳи сентябр ба истифода дода шавад. Раиси ноҳия, ин иқдомро амали хайрхоҳона ва инсондӯстона хонда […]
САҲМИ СОҲИБКОРН ДАР КОРҲОИ ОБОДОНӢ
Дар арафаи таҷлили 28 солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар кучаву маҳалла ва деҳаҳои ҳудуди ноҳияи Ховалинг шанбегии умуминоҳиявӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар корҳои ободонӣ кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия фаъолона ширкат варзида бо истифода аз техникаҳои махсус, аз ҷумла эксковатор ва техникаи калони боркаш […]
ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
Дар арафаи ҷашни 28 солагии Ваҳдати миллӣ ва дар радифи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин иҷрои босифати бандҳои нақша-чорабиниҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд ва сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 26 июн дар маҳаллаи “8 март”-и Ҷамоати шаҳраки Мунк мағозаи озуқаворӣ ки […]
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК БОШАД ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!
Тоҷикистон кишвари доимбаҳори Ваҳдат аст. Сарзамини босафои зарнисори Ваҳдат аст. Ганҷу зар дорад фузун дар синаи покаш ниҳон, Рӯи хонаш меваҳои шаҳдбори Ваҳдат аст. Нораку Роғун мунаввар мекунад шабҳои мо, Офтобе дар самои беғубори Ваҳдат аст. Дар Душанбе, рӯзу шаб фарқе надорад онқадар, Чун мунаввар аз чароғи шӯълабори Ваҳдат аст. Ҷаннати рӯи замин гӯям туро […]
АГЕНТИИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПОЙДОРИИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА РИЗОИЯТИ МИЛЛӢ”, дар ноҳияи Ховалинг бо иштироки Директори Агентии мазкур муҳтарам Шералӣ Хоҷазода ва раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Ф.А. баргузор гардида, қайд карда шуд, ки Тоҷикистон, яке аз кишварҳои ободу зебо ва тинҷу ором маҳсуб ёфта, ҳамасола […]
ВОХӮРӢ БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ ДЕҲАИ ЛОҲУТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛОҲУТӢ
Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, бо иштироки бевоситаи раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухиддин ва гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ мулоқот баргузор гардид. Дар рафти он Набизода Фаррухиддин ва аъзоҳои гурӯҳи тарғиботӣ оид ба муҳтавои Паёми Сарвари давлат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифтротгароӣ ва таълимоти […]