Аксҳо Раиси ноҳия Хабарҳо

ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИХАЛҚИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

Рӯзи 28-уми июни соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг таҳти роҳбарии муовини аввали раиси ноҳияи Ховалинг, Рауфзода Саймумин Тоҷиддин иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг, даъвати ҳафтум доир гардид.
Дар кори иҷлосия, раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухиддин Амрудин, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мушовири маркази таълимӣ- методӣ оид ба технологияҳои информатсиёнӣ дар Раёсати маорифи вилоят Сайдамиров Эмомалӣ, раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд.
Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки аз рӯзномаи зерин иборат буд:
-Дар бораи тасдиқи таъйин намудани Набизода Фаррухиддин Амрудин ба вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг
– дар бораи рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 27 апрели соли 2021, № 203, Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 феврали соли 2021, №24, Доир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647 “Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030”;
– дар бораи ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия “Оид ба одоби вакилон”;
– дар бораи ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Юсупов Сулаймон, аз ҳавзаи интихоботии № “Оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ”;
– дар бораи тасдиқ намудани Низомнома ва таъсиси ҳайати комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба танзими ҷашну маросим дар ноҳия;
– дар бораи тасдиқи қарорҳои қабул намудаи раиси ноҳия.
Аз рӯи масъалаҳои овардашудаи рӯзномаи иҷлосияи мазкур нафароне, ки номнавис шуда буданд, ба музокира баромаданд.
Ҳамин тавр, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *