Имрӯз 14 июли соли 2025 дар толори бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг таҳти раёсати Раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухиддин маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2025 ва вазифагузориҳо бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намудани нуҳмоҳаи соли 2025 доир гардид.
Дар маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикситон оид ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг, сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон Шарифзода Лутфия Шариф ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини сардори Раёсати кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб Қодирзода Маҳсуддин ширкат варзиданд.
Ҳамзамон дар маҷлиси фаъолон, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва дигар фаъолон иштирок намуданд.
Нахуст, Раиси ноҳия дар бораи ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ховалинг дар нимсолаи аввали соли 2025» ҳисобот дод.
Инчунин баъди анҷоми ҳисобот аз ҷониби Раиси ноҳия музокираҳо оғоз карда шуда, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилоту муассисаҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия пурсишҳо ба амал оварда шуд.
Дар идома намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг, сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон Шарифзода Лутфия Шариф зимни суханронӣ натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро қаноатбахш арзёбӣ намуда, барои афзун намудани дастовардҳо, бунёди корхонаҳои нав, ташкили ҷойҳои корӣ, ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёт, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, истифодаи оқилонаи қувваи барқ, ҷалби ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ, омодагиҳо ба ҷашни миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамгардонӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ба масъулин дастуру супоришҳо ва тавсияҳои муфид доданд.
Дар охир, Раиси ноҳияи Ховалинг муҳтарам Набизода Фаррухиддин баромад намуда, ба роҳбарону фаъолони ноҳия ҷиҳати иҷрои босифати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид вобаста ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои соҳаҳои мухталифи ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бо ҳамин, маҷлиси фаъолони ноҳияи Ховалинг оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2025 ва бо вазифагузориҳо барои нуҳмоҳаи соли 2025 ҷамъбаст гардид.
Ардашер ИСЛОМОВ,
котиби матбуотии Раиси
ноҳияи Ховалинг