Бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, ташхис ва муоинаи ройгони шаҳрвандон ва дар ин замина баланд бардоштани фарҳанги солимии аҳолӣ аз ҷониби Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Маркази ВНМО дар ноҳияи Ховалинг маъракаи “Корвони саломатӣ” дар деҳаҳои дурдасти ноҳия ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар доираи маъракаи “Корвони саломатӣ” сокинони ноҳия аз ҷониби табибони ботаҷрибаи, марказҳои номбурда ба ташхис ва муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд.