Аксҳо Аҳолӣ Раиси ноҳия Хабарҳо

ВОХӮРӢ БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ ДЕҲАИ ЧЕПИВОЛИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҶОМБАХТ

Имрӯз тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, бо иштироки бевоситаи раиси ноҳия Набизода Фаррухиддин Амрудин ва дигар аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони деҳаи мазкур мулоқот баргузор гардид.
Дар рафти он Набизода Фаррухиддин ва аъзоҳои гурӯҳи тарғиботӣ оид ба муҳтавои Паёми Сарвари давлат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифтротгароӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони хонашин, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллӣ зист, самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва заминҳои наздиҳавлигӣ, тарзи дурусти истифодаи телефони мобилӣ, одоби муошират ва дигар мавзуъҳои рӯзмарра муфассал ҳарф заданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *