Имрӯз дар ноҳияи Ховалинг бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ноҳия кормандони ташкилоту муассисаҳо дар шанбегии умумӣ фаъолона иштирок намуда, майдони фурудгоҳро аз алафу хасҳои хушк тоза карданд.
Ҳамчунин, онҳо дарахтон, гулҳо ва алафу буттаҳои фурудгоҳро об монда, дар зебо гардонидани муҳити зист ва гӯшае аз диёри худ саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.