Суханрониҳои раиси ноҳия Хабарҳо

Истиқлолият, соҳибихтиёрии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонист

И с т и қл о л и я т

соҳибихтиёрии миллати

тоҷик дар арсаи ҷаҳонист

Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурии азизамон яке аз санаҳои барои ҳар як фарди кишвар азизу муқаддас, тантанаи чорабиниҳо оид ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Ба хотири ин рӯзи неку фархунда тамоми ҳамдиёрон, меҳмонон ва ҳозирини гиромиро самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумоён рӯзгори нек, бахту иқболи баланд ва хонаи ободро таманно дорам.

 

Барои миллати тоҷик ба даст овардани Истиқлолият яке аз бузургтарин дастовардҳои садсолаи охир буда, ин рӯйдод ба маънои томаш руйдоди сарнавиштсоз мебошад. Миллати тоҷик таърихи бой, фарҳангу тамаддуни ғанӣ дошта, баъди ҳазор соли маҳрумият аз давлатдории мустақили хеш, боз соҳиби давлати соҳибихтиёр ва озод гардид. Истиқлолият дастоварди бузург, бебаҳо ва муҳимтарини миллати тоҷик, ормонҳои чандинасраи фарзандони асилу маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи озодии давлати тоҷикон дар интиҳои қарни бистуми мелодӣ буда, шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар арсаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

 

Ҳозирини гиромӣ!

 

Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми ҷумҳурӣ ба мушкилиҳои басо ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда, озмоишҳои сахту сангин ва даҳшатнокро аз сар гузаронидаанд. Муқовиматҳои шаҳрвандӣ, ба гурӯҳҳо ҷудо намудани ҷомеа, набудани якдигарфаҳмӣ байни минтақаҳои мухталиф, даргириҳои мусаллаҳона ва буҳрони шадиди иқтисодӣ аз душвориҳое мебошанд, ки домангири мардуми тоҷик гардиданд.

 

Ҳангоме, ки ҷумҳуриҳои ҳамсоя баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба обод намудани мамлакати худ шурӯъ намуда буданд, Ватани моро оташи ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд. Аз байн бурдани муқовимати байни гурӯҳҳо ва ба имзо расонидани созишномаи истиқрори сулҳ дар он давра кори саҳлу осон набуд.

 

Вақте, ки ба роҳи тайнамудаи 28-солаи соҳибистиқлолии кишвар менигарем ва равандҳои дар ин давра ба миён омадаро таҳлил менамоем, хизматҳои бузурги фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бараъло пеши назар меоянд.

 

Иродаи қавӣ, устувориву матонат, меҳру муҳаббати Сарвари давлат нисбат ба халқу Ватан буд, ки дар Тоҷикистони азиятдида сулҳу ваҳдат, оромӣ ва истиқлолияти комилро барқарор намуд. Бо шарофати Истиқлолият миллати тоҷик соҳиби Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, Асъори миллӣ ва садҳо арзишҳои дигари маънавию моддӣ гардид.

 

Тоҷикистон узви даҳҳо созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид гардид ва имрӯз дар ҳалли бисёр проблемаҳои глобалии ҷаҳон, аз қабили мубориза ба муқобили терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муҳофизати сарватҳои табиӣ, аз ҷумла оби нӯшокӣ ва дигар проблемаҳои ҳалталаби сатҳи ҷаҳонӣ фаъолона ширкат менамояд. Тоҷикистон таҳти сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи рушди устувор қарор дорад. Танҳо дар 20 соли охир Тоҷикистон баъди бунёд ва ба низом даровардани сохтори давлатдорӣ дар корҳои созандаву бунёдкорӣ тавонист ҷаҳишҳои бузурге намояд ва ба ҳадафҳои стратегии назди худ гузошта, аз қабили аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, ба истиқлолияти энергетикӣ расидан ва амнияти озуқавориро таъмин намудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар оғоз бахшад.

 

Дастовардҳое, ки дар зарфи 28 соли Истиқлолият ба даст овардем, мақом ва мартабаи мамлакати моро дар арсаи байналмиллалӣ баланд бардошта, дар ҳама ҷабҳаҳои давлатдорӣ мактаби бузургу беназир гардид, ки барои ҷаҳониён намунаи ибрат ва омӯзиш мебошад.

 

Маҳз бо шарофати Истиқлолият имконияти рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат фароҳам омад.

 

Фазои ором, таҳкими сулҳу суббот, ризоият ва ваҳдати миллӣ шароит фароҳам овард, ки дар ноҳияи Ховалинг ҳам мардум  ба як нерӯи тоза ба созандагиву бунёдкорӣ камар банданд.

 

Дар ин давра ба истифодаи самараноку оқилонаи замин, дар баробари бунёди боғҳои нав, афзоиши истеҳсоли картошкаву сабзавот, ғалладона ва мевагиҳо, рушди соҳаи чорводорӣ ва занбурпарварӣ ривоҷ бахшида шуд.

 

Зиёда аз 400 гектар заминҳои корами лалмӣ ба гардиши заминҳои кишоварзии обӣ ворид гардиданд. Дар доираи таъмини Барномаи рушди боғу токпарварӣ зиёда аз 3300 гектар боғҳои нав, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ бунёд карда шуд, ки алҳол имконияти ба хориҷи кишвар содирот намудани зиёда аз 800 тонна маҳсулоти хушкро дода истодааст.

 

Истеҳсоли гушт, шир, пашм, пила ва рушди соҳаи замбурпарварӣ бо андозаи 1-1,5 баробар афзоиш ёфта, барои таррақӣ додани соҳаи моҳипарварӣ ва истеҳсоли асал заминаҳои муфид фароҳам оварда шудааст. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли 2000-ум 4,6 баробар зиёд гардида, алҳол ба зиёда аз 16 миллион сомонӣ расидааст. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ босуръат афзоиш дода шуд. Заводу корхонаҳои нав ба фаъолият шурӯъ намуданд, техникаву воситаҳои асосии навтарину замонавии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ноҳия ворид карда шуд ва ин имкон дод, ки ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба зиёда аз 97 миллион сомонӣ расонида шавад. Бо файзу баракати соҳибистиқлолии давлат хиёбону роҳҳои автомобилгарди маркази ноҳия ба куллӣ дигар карда шуданд. Ба сохтмони бинову иншоотҳои иҷтимоӣ, савдо ва хизматрасонии коммуналиву истиқоматии баландошёна  камари ҳиммат баста шуд.

 

Сохтмони роҳҳои автомобилгарди Восеъ-Ховалинг, Кангурт-Балҷувон-Ховалинг ба истифода дода шуданд, қисми зиёди роҳҳои маҳаллӣ аз нав сохтаву сангфарш ва мумфарш гардида истодаанд.

 

Ноҳия аз лиҳози моҳияти рушди минтақаҳо хусусияти иҷтимоӣ дошта, 81 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд, ки то солҳои соҳибистиқлолӣ дар қисман деҳаҳо, мактаб, бунгоҳи тиббӣ, роҳ, барқ умуман вуҷуд надошт. Тахминан як фоизи муайяни мактаббачагон баъди хатми мактаби ибтидоии деҳа имконияти идомаи таҳсилро надоштанд. Қисми ками онҳо ба мактабинтернатҳои шаҳру ноҳияҳои ҳамсоя фаро гирифта, мешуданду халос.

 

Дар давраи соҳибистиқлолии давлат 23 муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла 1 мактаб-интернат аз нав сохта шуда ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки масъалаи ҷалби хонандагон ба таълим ҳаллӣ пурраи худро ёфтааст.

 

Дар аксарияти маҳаллаҳои аҳолинишин марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ бунёд гардида, қисме аз онҳо, ки дар хонаҳои шахсӣ ва биноҳои дар ҳолати садамавӣ қарор дошта фаъолият мекарданд, пурра ба бинои нав кучонида шуданд. Ба рушди деҳот, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ ривоҷи тоза бахшида шуд. Пешрафту тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия барои болоравии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст.

 

Фақат дар давоми соли 2018 ва 7 моҳи соли ҷорӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкориҳои ноҳия дар давраи солҳои 2018-2021, дар заминаи Амри  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-05-2018, №1059 “Оид ба нақшаи чорабиниҳои омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки сохтмони зиёда аз 330 бинову иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ, саноатӣ, коммуналию савдо, роҳҳо ва пулҳо, бунёди боғҳои наву дигар ободониҳоро дар бар мегирад, бо дастгирӣ ва роҳбарию роҳнамоии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ Генерал-полковники миллитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зиёда аз 120 бинову иншоотҳо сохта ба истифода дода шуданд.

 

Боварӣ дорам, ки мардуми ноҳия аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (рӯзҳои 7-8 августи соли ҷорӣ) ба ноҳия, ки аз лиҳози омадагию ташкилӣ баҳои баланд гирифт, рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба болоравии сатҳи зиндагии мардум, азнавсозиву бунёдкориҳо дар маҳал аз ҷумла, дар амалигардонии Барномаи рушди корҳои ободонию бунёдкориҳои ноҳия, тавассути меҳнати ҳалолу содиқона ҳиссаи арзандаи худро гузошта, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

 

Бори дигар ба ҳамаи Шумо ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шод-бош гуфта. Дастархони пур аз нозу неъмати идона, фаровонӣ ва файзу баракатро дар хона-дони ҳамаи Шумо таманно дорам.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *