Хабарҳо

Амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ

Амалҳои террористӣ- боиси кушта шудани

теъдоди зиёди одамони бегуноҳ

Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад. Истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Дар ибтидои асри ХХ1 инсоният ба хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамоянд, рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризми байнамиллалӣ мебошад. Албатта сухани онҳое, ки мегӯянд, терроризм падидаест, ки инсониятро дар тамоми тули таърихи мавҷудиятҳояш ҳамроҳӣ намудааст, беасос нест.

Ифротгароӣ дар кадом шакле набошад, онро мо қабул надорем. Чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандиро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақаи тамоми ҷаҳон, аз ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунад.

Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Решаҳои терроризм хеле чуқур буда, ва базаи иҷтимоии он ба асосҳо ва пояҳои идеологӣ, таърихӣ-фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот дорад.

Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалияти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух дода шудааст. Дар аҳди қадими асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидан, даҳшатафканӣ мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ин давраҳо ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ мегардид.

Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳлилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронида аст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайри инсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усул ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зиддӣ он аст.

Дар охири асри Х1Х ва асри ХХ амалҳои террористӣ бештар характерӣ сиёсӣ ба худ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ мегардад. Бо инкишофи техника ва технологияи нав, шаклу намудҳои терроризм ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Махсусан, амалиёти террористӣ, ки 11-сентябри соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом дода шуд, бо бераҳмӣ, густохӣ ва теъдоди зиёди одамони қурбоншуда бесобиқа мебошад. Ҳанӯз як сол нагузашта террористон дар Маскав кӯшиши гузаронидани чунин амалиётро бо гаравгон гирифтани зиёда аз ҳазор тан аз мардуми бегуноҳ намуданд, ки дар натиҷаи амалиёти зидди террористӣ даҳҳо нафар аз сокинони бегуноҳи Маскав ба ҳалокат расид.

Айни замон масъалаи амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташаниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои андешидаи солҳои охир дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гушаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузории онҳо ба мушоҳида мерасанд.

Мавлуда Назарова

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *