Терроризм таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Имрӯзҳо шакл гирифтан ва вусъат пайдо намудани фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ боиси таасуф ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Мутаассифона, ин зуҳуроти номатлуб ба худ хислати фаромиллӣ ва глобалиро касб намудааст.
Ҳамин аст, ки бо сабаби зуҳури ин таҳаввулоти номатлуби замон истиқлолияти давлатҳои алоҳида зери хатар қарор доранд ва ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гардидааст, ки дар танҳои онҳоро рафъ карда наметавонанд.
Коршиносони омӯзиши масъала бар ин назар ва ақидаанд, ки аксари ҷавонони бо гуноҳи ифротгароӣ маҳкумшуда бо сабаби дониши пасти динию дунявӣ, надоштани шуғл ва ҷои доимии кор, пайваста дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанашон гумроҳ шудаву ба доми афрот ва гурӯҳҳои ситезаҷӯ афтодаанд.
Барои мо – тоҷикон, ки таҷрибаи душвори таърихиро дар ибтидои давраи соҳибистиқлолии кишвар аз сар гузаронидем ва ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардидем, мақому нақши сулҳу ваҳдати миллӣ аҳамияти махсусро соҳиб мебошад. Ин неъмати бебаҳо ба туфайли заҳмати чандинсолаи давлату Ҳукумати кишвар зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲҲДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва гиромӣ доштани он аз вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад.
Иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», « Стратегияи давлатии мубориза бо экстремизм ва терроризм барои солхои 2016 – 2020» аз ҳар як шаҳрванд масъулияти ҳушёрии сиёсӣ, имону эътиқоди комилро талаб менамояд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли2017- 2018) ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид карданд: «Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра, зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт».
Бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир иброз доштанд, ки ҳамкориҳои густурдаро бо созмонои байналмилалию минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшидан лозим аст.
Ба ин мақсад, дар ҳамкори ба Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд 25 – майи соли 2018 дар Душанбе «Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез,» доир гардид, ки меҳмонони зиёде дар он ширкат намуданд.
Моро заррур аст, ки пеши роҳи ин зуҳуроти зишт- ифротгароиро гирем ва ба паҳншавии ин гунна равияҳо роҳ надиҳем. Моро мебояд, ки ҷавононро ҳамчун неруи созанда дастгирӣ намуда, дар руҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ тарбия намоем, то онҳо сазовори давру замон бошад.
Исфандиёр Саидмаҳмудов, мудири шуъбаи чавонон ва занони Кумитаи ичроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Ховалинг.