Хабарҳо

Вақте,ки дигар умеди ба Ватан баргаштан намемонад….

Вокуниш.

Вақте ки дигар умеди ба Ватан

баргаштан  намемонад. . .

Имрӯз дар сомонаҳои интернетӣ душманони миллат, аз ҷумла аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ, Паймони дурӯғини миллӣ атрофи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханони бардурӯғу иғвоангезонаро паҳн намуда истодаанд, ки баъди шунидани онҳо ҳар як шахсе, ки дилаш ба ин Ватан, ба ин мардуми азияткашида месӯзад, меҳнату заҳмат ва ҷонисориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  қадр менамояд, нисбати хоинони давлату миллат лаънат мехонанд.

Мо ба хубӣ медонем, дар Аврупо   шумо қадр надоред. Кӣ намедонад, ки одами бегуноҳ ҳеҷ гоҳ тарки  Ватан  намекунад? Офтобро ба домон пӯшонида мешавад? Ҳазор худро аз дур сафед кунед ҳам, мардум медонад, ки барои нафси бади худ  шумо наҳзатиҳо Тоҷикистонро ба  чӯлистон ва мардумашро гадо ва дар ба дар гардонидед.

Имрӯз суханрониҳои шумо нисбати сафари Пешвои милат мақоли “Рӯбоҳро об бурдаасту думашро чухт(баланд) гирифтаастро” (гӯё оббозӣ мекарда бошадро)  ба ёд меорад.

Гӯё аврупоиён аз калони дурӯғгӯёни ҲНИ  Муҳиддин Кабирӣ пурсида бошанд, ки сафари Президенти Тоҷикистонро ба Аврупо иҷозат бидиҳанд? Ӯ  аввал розӣ нашудааст ва баъд гуфтааст: майлаш биёяд, вале омаданашро як ҳафта пеш эълон намояд.  Кӣ ба ин сафсата  бовар мекарда бошад?

Мардуи кишвар Президенташонро, ки ба онҳо сулҳ овардааст, онҳоро аз хориҷ ба хонаю дарашон баргардонидааст, баҳри беҳбудии зиндагии онҳо шабу рӯз талош  меварзад, дӯст медоранд. Аз ин рӯ, ба куҷое сафар намояд, ӯро бо гулу гулдаста пешвоз мегаиранд, зеро аз пою қадами муборакаш он мавзе боз ҳам обод ва дилкаш мегардад.

Шумо хаёл мекунед, ки мо намедонем чаро Пешвои миллатро чашми дидан надоред ва чаро ин қадар зиёд мелақед? Мо хуб медонем, ки ҳар кӣ даст аз ҷон бишӯяд, ҳар чӣ бар забон ояд бигӯяд.

Ин ба он маъност, ки шумоён аз баргаштан ба Ватан дасту рӯ шустаед. Хуб медонед, ки дигар пою қадами нопокатон ба хоки Тоҷикистон гузошта намешавад. Бинобар ҳамин чизе бар забон ояд мегӯед. Вале беҳуда. Зеро дар ҷавоб  дар даҳони мардуми ҳақпараст чӣ сухани баде ояд   нисбататон дареғ намедоранд.

       Саидҷалол Сатторзода, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.