Хабарҳо

“Террорист- террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” буда наметавонад

“Террорист- террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” буда наметавонад

Вазъи имрӯзаи ҷаҳон нигаронкунанда аст. Имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон миллионҳо одамон гирифтори хавфу таҳдиди ҷанг зиндагӣ менамоянд. Зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфта, оташи ҷангу низоъҳоро меафрӯзад.

Тоҷикистон аз чунин хавфу хатар эмин нест. Дар робита ба хавфу хатари терроризму экстремизм рӯзи 4- 5 майи соли ҷори бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмиллалии сатҳи баланд таҳти унвони ” Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” баргузор гардид, ки дар кори он муовини Дабири кули Созмони Миллали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Миллали Муттаҳид, Дабири кули Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва намояндагони зиёда аз 46 давлати дунё иштирок доштанд.

Пешвои миллат дар суханрониаш дар ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ бо изҳори нигаронӣ аз авҷи низоъҳо ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, қурбон гардидани ҳазорон одамони бегуноҳ, бе хонаву дар мондани миллионҳо одамон, зарурати таҳияи тадбирҳои дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мубориза бо терроризму экстремизм, аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии ин зуҳуроти манфӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, гуфтанд, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол нисбат ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ аз меъёрҳои дугона кор мебаранд. Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза зиёда аз 100 давлати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор дорад, мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ.

Президенти кишвар бори дигар аз дини аҷдодии мо дар арсаи ҷаҳонӣ дифоъ намуда, фармуданд, ки набояд терроризм ба номи ягон дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом алоқаманд дониста шавад. Бадном кардани дини мубини ислом, ки имрӯз пайравонаш зиёда аз якуним миллиард аҳолии кураи заминро ташкил медиҳаду дар рушди ҷаҳони мутамаддин саҳми арзанда доранд, метавонад оқибатҳои хатарзоро ба бор орад.

Ҳамчунин иброз доштанд, ки “Террорист- террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” ” тундгарро” буда наметавонад. Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣ таҳия ва қабул карда шавад”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат дар суханрониҳояш аз ҳодисаҳои аввали солҳои 90-ум ва оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, қайд намуд, ки: “… дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмиллалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд. Он замон Тоҷикистон ба ҳама он ҳодисаҳои фоҷиаборе, ки имрӯз дар Ироқу Сурия, Яману Афғонистон мушоҳида мешавад, рӯ ба рӯ шуда буд”.

Пешвои миллат ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро “таҳмилӣ ” номида гуфтанд, ки дар он ҷанг садҳо ҳазор шаҳрвандони мо кушта, беш аз якмиллион нафар бехонумону фирорӣ гардиданд.

Ҳамчунин ёдовар шуданд, ки ҷониби Тоҷикистон дар он солҳо таваҷҷуҳи чомеаи ҷаҳониро ба хавфи терроризм ҷалб карда буд, вале ба садои мо касе гӯш надод. Баъди амалҳои террористии даҳшатбори 11-сентябри соли 2001 дар Ню-Йорк кишварҳои олам ҷиддияти масъаларо дарк намуда, таваҷҷӯҳи худро ба он равона намуданд.

“Мо ҳанӯз дар солҳои навадуми асри гузашта бо истифода аз минбари созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ, аз ҷӯмла Созмони Миллали Муттаҳид, зарурати ҳалли бетаъхири мушкилоти кишвари ҳамсояамон- Афғонистонро батакрор таъкид мекардем. Вале баъзе сиёсатмадорони сатҳи баланд дар суҳбатҳои хоса мегуфтанд, ки ин мушкилоти шумо ва минтақа аст, на мушкилоти мо. Лекин вақт нишон дод, ки ҳама он ҳушдорҳои мо воқеӣ буданд ва натиҷаи беэътиноии сиёсист, ки мушкилоти онвақта имрӯз ба хатару таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтанд”, – қайд намуд Пешвои миллат.

Дар Конфронс Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зуҳуроти дигари хатарнок -паҳн намудани ғояҳои ифротӣ дар шабакаи интернет сухан ронд. Қайд намуд, ки “…Яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилотӣ, бахусус шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад”. Пешниҳод намуд, ки барои аз байн бурдани ин таҳдид тақвияти ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мубодилаи иттилоот дар бораи тарзу усулҳои муассири пайгири намудани чунин сомонаҳо, аз шабакаи интернет хориҷ намудани онҳо ва расонидани кумаки байниҳамдигарӣ дар ин самт шарти муҳими комёбӣ дар мубориза бо кибертерроризм мебошад.

Сарвари давлат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати дастгирии Афғонистон ҳама чораҳоро биандешанд. Зеро фақиру бенавоӣ, бекорӣ сатҳи пасти саводнокӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омилҳое мебошанд, ки одамонро водор менамояд, дар ҷустуҷӯи адолати иҷтимоӣ ба ғояҳои зӯроварӣ рӯ оранд.

Дар охир Пешвои миллат изҳори боварӣ намуд, ки конфронси мазкур дар муборизаи муштарак бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез мусоидат менамояд.

А. Раҳматзод.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *