Хабарҳо

Осорхона фаъолияти ибратбахш менамояд

Осорхона фаъолияти ибратбахш менамояд

Осорхона ганҷи бузурги фарҳангӣ ва маънавиёт буда, ҳамчун оинаи таърих гузаштаро ба имрӯз мепайвандад.

Вобаста ба ин дар вилояти Хатлон осорхонаҳои зиёди таърихӣ-кишваршиносии шаҳриву ноҳиявӣ ва соҳавию хусусӣ фаъолият намуда, кормандони онҳо баҳри рушди соҳаҳо хизматрасонӣ ва ба тамошобинон меҳнат мекунанд.

Тавре, ки аз натиҷаҳои ҷамъбасти озмуни вилоятӣ ва ҷумҳуриявие, ки соли равон таҳти шиори “Оинаи таърих” баргузор гашт, маълум гардид, ки дар шаҳру навоҳии вилоят аз шумори осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносӣ ва осорхонаҳои соҳавию хусусӣ як қатор осорхонаҳо ба натиҷаҳои баланди илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва хизматрасонӣ ба мардум ноил гардиданд.

Дар ин миён осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авесто”, осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ховалинг, осорхонаи ноҳияи Қубодиён, осорхонаи ноҳияи Фархор ва амсоли ин намунаи ибратанд.

Ҳамин буд, ки осорхонаҳо дар озмуни вилоятиву ҷумҳуриявии ишорашуда, соҳиби диплому соҳиби ҷоиза гардида, ба натиҷаҳои назаррасу ибратбахш сазовор гаштанд.

Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ховалингро мисол мегирем. Ин осорхона сол то сол ба зинаҳои баланд рушд ёфта, тавассути хизматрасонӣ ба тамошобинон ва дар ҳамин замина эҷоди асарҳо ва дастовард ба натиҷаҳои баланд ноил мегардад.

Ин осорхона дар соли ҷорӣ дар озмуни вилоятии “Оинаи таърих”-и ташкилкардаи осорхонаи “Авесто” дар байни ҳамаи осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят ба гирифтани ҷойи аввал ва диплом мушарраф гашта, дар озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо “Оинаи таърих” соҳиби ҷоиза ва соҳиби дипломи махсус гашт.

Имсол дар осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия ба зами фаъолияти ибратбахш доштан бештар аз 15 буклетҳои таърихӣ-фарҳангӣ дар бораи ҷойҳои таърихию муқаддаси ноҳия, 2 китоб аз ҷумла китобҳои “Ховалинг-маркази тамаддуни башарӣ” ва “Ҷойҳои таърихии Ховалинг” ба табъ расонида шуда, китобҳои “Топонимикаи Ховалинг” (дар нашриёти Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон) ва “Восеъ-қаҳрамони халқи тоҷик” (китоби шарҳиҳолӣ, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон) дар арафаи чопанд.

Ҳамин тавр, дар осорхонаи мазкур корҳо бо маром пеш рафта истодаанд ва кормандони ин муассисаи фарҳангӣ тасмим гирифтаанд, ки дар соли 2020 низ фаъолияти ибратбахши худро идома медиҳанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *