САБАБҲОИ ПАЙДОИШИ ТЕРРОРИЗМ
Терроризм падидаест, ки инсониятро дар тули таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда омадааст, ки ин беасос нест.
Зеро дар ибтидои асри 16 ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хатари ҷиддие, ки одаму оламро таҳдид менамояд, рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризм мебошад.
Дар охири асри 19-20 амалҳои террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ мегардад. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯи иқтидори харобиоварашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.
Решаҳои терроризм хеле чуқур буда, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ-фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додаст.
Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие будаанд, ки ба воситаи тарс мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар он давраҳо ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ мегардид.
Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу даҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кӯҳанпарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додаанд.
Экстремизм дар байни ҷавонон назар ба навъи рафтори ҷавонон мебошад, ки аз руйи принсипи қувва, хушунат нисбат ба дигарон ва то ба таҷовуз ва куштор асос ёфтааст. ӯ адоват ба гуногунандешӣ (махсус нисбат ба харакатҳои муайяни ҷавонон), инчунин хоҳиши бунёди ҷомеаи тоталитариро дар асоси тобеият пешниҳод менамояд. Экстремизми ахлоқӣ бошад, таҳаммулнопазирии шадид ба навъи муайяни меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои рафторӣ, роҳ додан ба зӯроварӣ барои таблиғи маҷмӯи талаботҳои маънавӣ, накӯкорӣ ва аҳкоми динӣ аст. Намунаҳои он танқиди бадахлоқӣ, суханони қабеҳ, пушидани либосҳои бегона, риоя накардани қоидаҳои шарафи динӣ ва дунявӣ ва ғайра мебошад. Сабабҳои пайдоиши терроризм мисли шаклҳои он гуногун аст; сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, моддӣ, идеологӣ, хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ, пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ, хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ, поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ, дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ, надонистани маданият ва фарҳанги миллӣ, фаъолияти диннии намояндагони хориҷӣ ва ғайраҳо.
Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалиётҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Барои пешгирии ин проблема аввалан саҳми оила боғча ва мактаб бояд ҷонок карда шавад, то ки ба корҳои беҳуда машғул набошанд.
Аз ҳама муҳим ҷавононро ба омӯхтани илму дониш, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти Ватани азизамон ва бунёдкорӣ бояд ташвиқу тарғиб намоем.
Раҳматулло Рабиев – Директори маркази иммунопрофилактикаи ноҳияи Ховалинг