Хабарҳо

Муаллими нимасра

Муаллими нимасра

Бузургии инсон пеш аз ҳама дар хоксории ӯ ҳувайдо мегардад.Хизмат кардан ба мардум, некӣ дар ҳаққи дигарон, меҳнати ҳалол, муоширати хуб. ҳурмату эҳтироми халқ, покии қалб, ҳасад набурдан ба касе, хурсанд шудан аз дастовардҳои дӯстон, дастгирӣ намудани ҳамкорон ва як силсилаи хислатҳои нек ҳастанд, ки инсонро аз дигар хислатҳои шари одамӣ нигоҳ дошта, ӯро ба пояи эҳтиром ва бузургӣ мерасонад.

Ҳакими Юнони Қадим Афлотунгуфтааст: “Агар кафшдӯз устои бад бошад, давлат онқадар зарари бад намебинад. Яъне шаҳрвандон батарс роҳ мегарданд, аммо муаллим агар вазифаи худро бад иҷро кунад, дар  мамлакат насли ҷоҳилу бадахлоқ пайдо мешавад”.

Аз ин гуфтаҳо бармеояд. ки агар муаллим ба илму дониши худ амал кунад,ҳурмату эҳтиром ва қадру қиммати худро рӯз то рӯз афзун мегардонад.Яке аз чунин муаллимон Шамсиддин Сафаралиев мебошад. Банда дар 21 соли ҳамкориам шоҳиди он ҳастам, ки ҳар рӯзи умри устод дарси ҳақиқат ва роҳи ҳаёташ роҳи некӣ буд ва шогирдони зиёдеро дарахти ҳосилдеҳ гардонидааст. Чи тавре, ки бузургон гуфтаанд. “То ҷон наканӣ санги сиёх лаъл нагардад”.

Ҳамин тавр хизматҳои бузурги Шамсиддин Сафаралиевро қайд мекунем, ки бо поквиҷдониву меҳрубонӣ, ҳалиму хоксорӣ наздики 50соли умри ширинашро дар тарбияи насли наврас бахшидааст. ӯ собиқадори соҳаи маориф буда, дар ин соҳа ҳама гарму сардӣ, неку бадро хуб санҷидааст. Зиндагиномаи устод чунинаст:

ШамсиддинСафаралиев соли 1952 дар деҳаи Майдон, Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. ӯ баъди  хатми мактаби миёна  бо роҳхати маорифчиён фаолияти омӯзгориро дар зодгоҳаш оғоз кардааст. Вай  солҳои 1970-1972 хизмати Ватанро дар давлати Муғулистон адо карда, ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба факултаи забон ва  адабиёти рус дохил шуда касби омӯзгориро мунтазам давом медиҳад.

Номбурда то соли 2018 дар муассисаи №19-и дехаи Хӯҷахалил ба шогирдон таълим додааст. Шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст .  Шогирдонаш дар ҳама самтҳо таҳсил ва кор карда истодаанд. Қисматеаз онҳо дар мактаб ба тарбияи насли миллат машғуланд.

Шогирдони устод Сунатулло Мирзоев сардори шуъбаи қонунгузории назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Самариддин Мирзоев сардори идораи суғуртаи ноҳия, Ҳамза Раҳимов собиқ сардори нозироти андози ноҳия, Султон Асоев муаллими Донишгоҳи шаҳри Бохтар, Юнус Туразода сардори шуъбаи кофтукови ҷиноӣ дар ноҳияи Ховалинг, Ҳабибулло Файзализода ва Фарҳод Абдуалимов кормандони ШВКД дар ноҳияи Хоалинг,  Ҳасан Тураев хатмкунандаи академияи ҳарбии Ҷумҳурии Қазоқистон, Лангарӣ Қодиров корманди амнияти назди Президент, Ҷаҳонгир Саидов таҳсилкунандаи Академияи ҳарбӣ, Аҳлиддин Мирзоев муҳассили донишгоҳи ҳуқуқшиносӣ, Суҳроб Тураев сармуҳсоиби Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ва чанде дигарон кору фаъолият карда истодаанд.

Инак  умри устод Шамсиддин Сафаралиев қариб наздики 70 расидааст. ӯ аз умраш руҳбаланд аст, чунки нақше баҳри диёри азизаш гузоштааст.

Имрӯзҳо шогирдонаш ба ӯ эҳтироми  хоса доранд. Дар муассисаи № 19, ки аксарияти омӯзгорон шогирдони устод маҳсуб меёбем ба Шамсиддин Сафаралиев ҳурмату эҳтироми беандоза дорем ва дар ҳама корҳо ӯро ҳамчун роҳбалад дар ҳама самтҳои таълимӣ даъват ва эҳтиром менамоем.Имрӯзҳо устод Шамсиддин Сафаралиев бо шукргузорӣ аз тинҷиву оромии кишвар сулҳу субботи  гаронарзиш дар ҳалқаи дӯстону пайвандон, фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад.

Мо низ ба дар ин даврони пурқиммат беҳтарин истироҳату фароғатҳоро таманно дорем.

Маҳмадалӣ Асоев,

омӯзгори мактаби №19.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *