Ҳар як амали мо ва наздиконамон
бояд манфиатовар бошанд
Хурсандибахш аст, ки мардуми сарбаланди кишвар, аз чумла сокинони шарафманди ноҳияи Ховалинг боз як соли пур аз файзу нусратро паси сар намуда, соли нави мелодиро истиқбол менамоянд.
Ин баҳри ҳар як шаҳрванди кишвар фараҳмандист, зеро аз омадани соли нав боз мардум бо дасту дили қавӣ баҳри фаъолият ва пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ камари ҳиммат мебанданд. Аз ин рӯ соли нави мелодиро бо хушнудию фараҳмандӣ ва рақсу суруду таронаҳои ҷаззоб истиқбол менамоянд.
Мутаассифона, дар арафаи ҷашни соли нав сокинонро садои дилхароши таркиши маводҳои пиротехникӣ (хлопушка) нороҳат месозад. Ин масъаларо танҳо кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳал карда наметавонанд. Яъне ин кори дастаҷамъона аст ва ҳалли ин масъала аз оила оғоз гардида, ҳар як падару модари соҳибақл метавонад фарзандашро таъкид созад, то ба ин амали номатлуб, яъне истифодаву тарконидани маводҳои пиротехникӣ даст назанад.
Шоҳиди ҳолем, ки саннаи 13-уми декабр аз тарафи хонандагон ин рафтор мушоҳида шуд. Ғайр аз ин калонсолон низ ба ин амал даст мезананд. Ҳангоме, ки барои хӯроки нисфирӯзӣ баромада дар таваққуфгоҳи назди бозори марказӣ (стоянка) ҳамкоронамро интизорӣ мекашидам, рӯзи ҷумъа буд ва мардум барои адои намози ҷумъа туда-туда аз таваққуфгоҳ мегузаштанд.
Дар ин ҳолат дар байнироҳ маводи пиротехникӣ тарконида шуд ва маълум буд, ки аз тарафи ронандагони мошинҳои мусофиркаш (таксиҳо), ки дар ҳудуди ноҳия ба қавле ба мардум хизмат мерасонанд, маводи пиротехникӣ тарконида шуд.
Аммо дигар сокинон ба ин амал эътибор надода, ханда мекарданд. Гӯё ин кори хеле ҷолиб бошад.
Воқеан дар он ҳолат касеро гунаҳгор карда намешуд. Зеро ягон нафар мушоҳида накард, ки ин кор аз дасти кӣ рӯх дод. Танҳо ҳаминро гуфтаниам, ки ин амал боиси хушнудӣ нест ва паст будани маданияти шаҳрдории мо сокинони ноҳияро нишон медиҳад. Зеро агар дар ҳамон ҳолате, ки маводи пиротехникӣ тарконида шуд, агар дар наздикӣ ягон хонанда ё наврас мебуд, ҳама гуноҳро бар сари ӯ бор мекарданд. Пас қазоват намоед, ки мо калонсолон чӣ гуна наврасонро тарбия медиҳем? Модоме, ки худ мухолифи гуфтаҳову супоришҳои дахлдор амал менамоем.
Дар ин нуқта нигаронкунанда танҳо тарконидани маводҳои пиртехникӣ нест, балкӣ роҳгузарҳо, аз ҷумла занону духтарон низ ҳангоми гузаштан ба суханҳои ноҷойи мардуми бекор, ки дар ин ҷо рӯз то шаб росто истода рӯз мегузаронанд дучор мешаванд. Ҳатто баъзан вақт дар роҳи пиёдагард автомобилҳоро мемонанд ва касе ба онҳо назорат намебарад.
Мақсад он аст, ки маданияти дар таваққуфгоҳ, истгоҳ ва ҷойи ҷамъиятӣ мунтазир шуданро ҳамагон бояд риоя намоем.
Ҳар як роҳгузар, аз ҷумла занону духтароне, ки аз роҳ мегузаранд бояд ҳамчун модар, хоҳар ва аппаи худ эҳтиром намуда, дар байни омма суханҳои қабеҳ нагӯем. Зеро вақте, ки ҷинси зан дар роҳ аз назди туддаи мардҳо мегӯзарад, албатта бе ягон ҳарфу ҳиҷҷо барояш як мушкилӣ аст.
Аз ин рӯ мебояд ҳар як фарди солимфикр нисбати ин қазияҳо андеша ронда, он амалҳоеро, ки қонун ва ҷомеа манъ кардааст содир насозем. Ғайр аз ин бетарафӣ насохта, кӯшиш намоем, ки ҳар як кору амали худ ва наздиконамон манфиатовар бошанд.
Фарҳод Давлатов,
“Ҳақиқати Ховалинг”.