Хабарҳо

Сатҳи бекорӣ кам мегардад

Сатҳи бекорӣ кам мегардад

Санаи 05 феврали соли дар маркази ноҳия аз тарафи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ховалинг ярмаркаҳои ҷойи кори холӣ баргузор гардид. Мақсад аз баргузор намудани ярмарка бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон ва дар ҳудуди ноҳия паст намудани сатҳи бекорӣ аст. Дар ярмаркаи мазкур ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия воҳидҳои кории холии худро ба корҷуён пешкаш намуданд.

Дар ярмарка зиёда аз 105 нафар шаҳрвандони корҷӯ ширкат варзида 15 мувофиқи ихтисоси худ ҷойи кори мувофиқ пайдо намуданд. Инчунин 20 нафар занону ҷавондухтарони хонашин барои омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддати дузандагӣ ва чакандӯзӣ роҳхат гирифтанд.

Мудири шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ҷавшан Яъқубов иброз дошт, ки мақсад дорем дар оянда шумораи чунин ярмаркаҳоро зиёд намуда, сатҳи бекориро дар ноҳия паст намоем, ҳамчунин курсҳо таъсис дода ҷавононро ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани шуғлҳои гуногун ҷал кунем.

 

С.Давлатова котиби матбуотии раиси ноҳия