Хабарҳо

Ба муқобили коррупсия мубориза мебарем!

Ба муқобили коррупсия мубориза мебарем!

Коррупсия яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, дар радифи дигар амалҳои номатлуб монанди терроризм, экстремизм, ҳизбу ҳаракатҳои мамную хатарзо, нашъаҷалобию нашъамандӣ қарор дорад. Ба луғат ва истиллоҳот доир ба коррупсия назар афканем, мебинем, ки ин вожаи оқибаташ номатлуб маъноҳои зиёдеро дар худ таҷассум менамояд. Мисол ошонобозӣ (ненотизм), ҷурабозӣ, хешутаборчигӣ (фаворитизм), хешутарборпарастӣ, тобеъият, ҳисоботдиҳӣ (подотчётность), ҳомигарӣ, пуштибонӣ, муҳофиз будан, парасторӣ (покровителство), ришвахӯрӣ, порахӯрӣ, рибокорӣ (взяточничество), фиребгарӣ, қаллобӣ, маккорӣ (мошеничество), ҳадя, туҳфа, савғо, пора, ришва (подношение), маблағ барои харидани шахс (барои амалдор ва ғайра), дӯздӣ (хишение), тамаъҷӯи, тамаъкорӣ (вымогателство) ва амсоли ин, ки ҳар яке аз инҳо ба худ мақсаду маромро доро мебошанд.

Дар ҳақиқат, ин падида хатарзо буда, мубориза ба муқобили он вазифаи ҳар як фарди солиму солимақл аст. Барои ҳамин, Сарвари давлатамон таъкид менамояд, ки: «Мубориза алайҳӣ коррупсия, фақат вазифаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад».

Имрӯз аён аст, ки сиёсати зиддикорупсионӣ чун қисми таркибии сиёсати давлат ба дараҷаи муайяне боло рафтааст. Дар ин бобат як қатор амру фармон, қарору қонун ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ мавриди амал қарор гирифтаанд. Аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 таҳти №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», дар ҳамин асос қарори раиси ноҳияи Ховалинг аз 04 июли соли 2017 таҳти №261 ба тасвиб расида, онҳо моро водор месозад, ки ҳама ва ҳар як кас зимнан муборизаи беамон барад.

А. Шаҳриёрӣ