«Паёми Пешво-раҳнамои мо»
Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баробари рушду пешрафти дигар соҳаҳои иқисодию иҷтимоии кишвар ба соҳаи илму маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар назди масъулини ин соҳаи ҳаётан муҳим, ки мавҷудияташ аз ҳастии миллату давлат дарак медиҳад вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Сарвари давлат аз ҷумла қайд намуданд, ки: «Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчӣ бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем.».
Ё ин ки дастури Сарвари давлат оиди ба хондани на камтар аз панҷ китоб дар як сол, ҳамасола баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ..» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» мо аҳли фарҳангро водор месозад, ки ба раванди ташаккули эҷодиёти халқ, истифодаи нерӯи фарҳангӣ ва маънавии мардум, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.
Дар ҳақиқат масъалаи мазкур яъне ба китобхонӣ ҷалб намудани ҷавонону наврасон ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои фаъолияти самарабахши муассисаҳои фарҳангӣ, ба хусус ба китобхонаҳои оммавӣ, ки ба дастгириву сарпарастӣ ниёз доштанд, мусоидат хоҳад кард. Яъне ба ин нуқта диққати махсус додани Сарвари давлат дар ҳалли мушкилоти соҳа ҳатман созгор аст.
Чунин дастуроти Сарвари давлат ҳар як масъули соҳаи китобдориро водор месозад, ки бояд масъулияти худро баланд бардорад, дар навбати аввал савияи дониши худро сайқал диҳад, аз навгонию таҳаввулоти ҷаҳон, илму фарҳанг ва таърихи гузаштаи миллату давлат огоҳ бошад. жоираи маҳфилҳои адабии назди китобхонаро васеъ намояд. Ба маҳфилҳо танҳо хонандагони муассисаҳои таълимӣ не, балки донишҷӯён ва дигар адабиётдӯстони синну соли гуногун ҷалб карда шаванд.Чи хеле, ки Пешвои миллат дар Паёмашон гуфта гузаштанд, озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ…» аз рӯи се самт: миёни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ; байни калонсолон васеъ ба роҳ монда шавад.
Бинобар ин ҳар як китобдор вазифадор аст, ки омори аниқӣ хонандагони фаъоли худро дошта бошад. аз худи ҳамин рӯз сар карда, бо онҳо робитаи доимӣ дошта бошад, адабиётҳои лозимиро дарёфт намуда, дастраси довталабон гардонида тавонад.
Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат қабули қарор дар Конфронси генералии яке аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ-ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500 солагии Саразми бостонӣ ва 700 солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ ин имкони бузурги муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷик ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар барои мардуми шарафманди тоҷик ст.
Сарвари давлат иброз намуданд, ки: «мо ки будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем.». Дар робита ба ин бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқӣ тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби Фонди Президент аз нав чоп шуда, ба ҳар як оилаи тоҷик туҳфа карда мешавад.
Бемуҳобо бояд қайд кунам, ки Паёми навбатии Президенти мамлакат ҳамчун барномаи мукаммал барои рушду нумӯ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мусоидат хоҳад кард.
Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг Паёми Пешвои муаззами миллатро ҳамчун роҳнамои фаъолият сармашқи кори худ қарор дода, бо руҳбаландӣ аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Президенти кишвар нисбат ба соҳаи фарҳанг барномаи мукаммали зеринро таҳия ва мавриди иҷро қарор доданд:
-ташкил намудани гӯшаву намоишҳои китобӣ таҳти унвони «Паёми Пешво-раҳнамои мо» дар муассисаҳои клубӣ ва китобхонаҳои оммавӣ;
-беҳбудӣ бахшидан ба кору фаъолияти китобхонаҳо, осорхона, мактаби санъати бачагона ва муассисаҳои клубӣ ҳамчун маркази муҳими илму фарҳанг. Такмил додани савияи дониши кормандони соҳа ва ҷалби мутахассисони касбӣ ба кор;
-баргузор намудани конференсияҳо, нишастҳои адабию маърифатӣ дар партави дастуру супоришҳои Президенти кишвар оид ба эълон гардидани «Солҳои 2020-2040- бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақӣқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»;
-доир намудани нишастҳои илмию адабӣ, таъсис додани гӯшаву намоишҳои китобҳои илмию таърихӣ оид ба қабул гардидани қарори Конфронси генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500 солагии Саразми бостонӣ ва 700 солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ;
Тариқи фаъолгардонии маҳфилҳои назди муассисаҳои фарҳангӣ ва баргузории кастингу озмунҳо дарёфт намудани падидаҳои нави ҳӯнарӣ, хонандагон ва донандагони осори адабӣ, шеъру ғазал ва достонҳо аз адабиёти муосир, классик ва адабиёти ҷаҳон, дар ин замин ҷалби бештари аҳолӣ ба хусус, ҷавонону наврасон ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ…» ва «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», иштироки бевоситаи кормандон дар ин озмунҳо;
– доир намудани нищасту вохӯриҳои адибону таърихнигорон ва омӯзгорони варзида бо насли навраси ҷмеа оид ба омӯзиш ва шинохти дурусти таърихи пурифтихори халқӣ тоҷик аз рӯи шоҳасари Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон», муаррифии арзиши илмии ин асари безавол ба қишрҳои мухталифи ҷомеа;
-идома бахшидан ба омӯзиш, дарёфт ва рушди ҳунарҳои қадимаи миллӣ, муаррифӣ ва тарғиби мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва бостонии ноҳия ба воситаи маводҳои тарғиботӣ, чопи китобҳо ва хабару мақолаҳо дар доираи эълон гардидани «Солҳои 2019-2021-Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»;
-Ҳамкории муштарак бо пажуҳишгоҳи таъриху бостоншиносии АУ Тоҷикистон дар корҳои ҳафриётию археологии мавзеъҳои таърихӣ;
-Ташкили китобҳои бақайдгирӣ оид ба омори дурусти ташрифи сайёҳон ба ноҳия;
-пешниҳоди дархост ва ҷалби соҳибкорону сарпарастон оид ба вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва азнавсозии биноҳои садамавию таъмирталаби муассисаҳои фарҳангӣ;
-бо мақсади инкишофи зеҳният ва нутқи шифоҳию хатии кормандони соҳаи фарҳанг ташкили дарсҳои омӯзиши забони адабии тоҷик, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ;
-андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати ҷалби роҳбарону кормандони соҳаҳои гуногун, ба хусус кормандони соҳаи фарҳанг ба китобхонӣ ва китобхонаҳо;
-тақвият бахшидани чорабиниҳо ва корҳои фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои номатлуби муосир, мубориза ба хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона, терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одам ва ғайра;
-татбиқ ва таҳким бахшидан ба таъмини иҷрои санадҳои меъёриву ҳуқуқҳои байналмилалӣ, «Консепсияи ҳуқуқи кӯдак» ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи забони давлатӣ» ва дигар Барномаҳои давлатии соҳаи фарҳанг;
-дарёфт ва ҷалби сарпарастон оид ба таъмин ва харидорӣ намудани адабиёти бадеӣ, ҳамкорӣ намудан бо аҳолии ноҳия оид ба супоридани китобҳои бекорхобида дар хона ва анборҳои шахсии сокинони ноҳия, дар ин замина ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳои оммавӣ дар деҳот.
Кормандони соҳаи фарҳанги ноҳия иҷрои ҳар як нуқтаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси олии кишвар вазифаи пуршарафи меҳнатии худ дониста, барои сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон садоқатмандона кору фаъолият менамоянд.
Боварӣ дорем, ки ҳар як фарди соҳибдилу ватандӯст ва хулогоҳу бофарҳанги ноҳия бод арки масъулият бо мо ҳамкорӣ хоҳад кард.
Наргис Ҳикматова,
мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг.