Хабарҳо

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ноҳия

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ноҳия

Имрӯз дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг бо иштироки раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам, сардори раёсати молияи ноҳия Зоирзода Гулаҳмад, мудири бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ дар ноҳия Эшонов Сайволиддин, мудири бахши саноат ва комуналӣ Табарзода Валӣ ва мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо соҳибкорон, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.11.2019  таҳти №600 “Дар бораи қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ барои коркарди канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ” вохӯри баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ раиси ноҳия муҳтарам Акрамзода Парвиз Акрам ҷаласаро оғоз бахшида, муҳтаво ва мазмуни қарори мазкурро ба соҳибкорон фаҳмонида, ҷиҳати ҷалби соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои сармоягузорӣ, кам намудани сатҳи бекорӣ дар ноҳия қайд намуданд.

Дар вохӯрӣ ба 9 нафар шаҳрвандони ноҳия, ки барои коркарди тилло ба тариқи заршуии дастӣ муроҷиат намуда буданд аз тарфи раёсати молияи ноҳия бо иҷозатнома таъмин гардиданд.

Инчунин дар хотимаи ҷаласа раиси ноҳия иброз доштанд, ки тамоми сокинони ноҳия, ки хоҳиши коркарди заршӯии дастиро доранд, барои соҳиби иҷозатнома гардидан метавонанд ба раёсати молияи ноҳия муроҷиат намоянд ва ба ин восита зиндагии мардум беҳ гардида, сатҳи камбизоатӣ коҳиш меёбад.

С. Давлатова – котиби матбуотии раиси ноҳия