Наврӯз иди ниёгон
Наврӯзи аҷам зинда кунад, хоки куҳанро,
Аз нав бикунад ҷома бар тан боғу чаманро.
Аз партави хуршед замин гарму чаман гарм,
Аз ҳиммати найсон дили деҳқони Ватан гарм.
Ҷашни Наврӯз таърихи деринаи бостонӣ дорад ва аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, дорои арзишу сифатҳои нек аст. Аз ҷумла, ваҳдату ҳамраъйӣ ва дӯстиву рафоқат аз муҳимтарин ойинҳои ин ҷашни фархунда дониста мешавад, ки мардуми мо ба он арҷ мегузоранд.
Таҷлили ҷашни Наврӯз дар даврони ҳукуматдории Сомониён бо шукӯҳи тоза идома ёфтааст, ки дар ин бора донишмандон дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ ёдовар шудаанд. Ҷашни Наврӯз дар аҳди Сомониён хеле бошукӯҳ таҷлил мешуд. Ҳангоми гузаронидани ин ҷашн амирони сомонӣ дар қасрҳои хеш базмҳо меоростанд ва беҳтарин шоирони қасидагӯй дар васфи Наврӯз ғазалу қасидаҳо месуруданд. Дар бораи Наврӯз Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хисрав ва дигарон ашъори дилписанде ба ёдгор мондаанд. Дар замони Сосониён Наврӯз ҳамчун иди расмии давлатӣ пешвоз гирифта мешуд ва шоҳони сосонӣ онро шаш рӯз ҷашн мегирифтанд.
Наврӯз дар замони Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва ҳатто, баъди истилои муғул аз тарафи халқи меҳнаткаш ботантана ид карда мешуд, мардум ба пешвози Наврӯз тайёрӣ медиданд, хонаҳоро рӯбучин карда, тоза нигоҳ медоштанд ва оро медоданд.
Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳар иде аз ҷумла иди Наврӯз дар Тоҷикистон бо рӯҳи сиёсӣ доир карда мешавад. Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Аммо, бархе аз муҳaқиқони ойинҳои Наврӯзӣ бар ин назаранд, ки мақомоти кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ Наврӯзро танҳо ба хотири таъмини бақои таърихии мардуми худ ҷашн мегиранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки мардумони Осиёи Марказӣ равобити хуби таърихӣ доштанд, ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабони минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа узбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳo ва туркменҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мавқеъи ҷуғрофӣ густариш ёфтаааст. Ҳоло, ки дар шаҳрҳои марказӣ: Самарқанд, Бухоро, Насаф, Термиз, Деҳнав, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём сукунат доранд ва мардуми таҳҷоии ин манотиқ тоҷик ҳастанд, суннат ва анъаноти Наврӯз ҳифз шуда ва мардуми ӯзбек низ бочунин расм аз Наврӯз таҷлил ба амал меоранд. Дар манотиқи мухталифи Ӯзбекистон ғазои наврӯзӣ, суманак омода карда мешавад, ки мардуми ин кишвар сумалак мегӯянд.
Наврӯз оинаест, ки забону замонҳои ҷаҳони офаринишро бозтоб медиҳад, ҳалқаҳои пайванди қавму миллатҳои ҳамфарҳангу ҳамтаърих ва ҳамтақдирро таҳким мебахшад, ҷашни бузурги Наврӯз дар воқеъ, ваҳдатгарои халқу миллатҳои гуногун мебошад ва ин маънӣ, ин иди миллӣ дар тӯли таърих на фақат халқу миллатҳо, балки андешаву гуфтору кирдори онҳоро низ бо ҳам сахт пайвастааст, мо инро пеш аз ҳама, дар мисоли ҳамоҳангиюу ҳамчунин маросими ҷашнгирии иди Наврӯз дар Осиёи Миёна мушоҳида карда метавонем.
Бигузор, ҳар яке аз мо низ мисли ин ҷашни зебову фасли эҳё афкору ният ва ҳадафҳои созанда дошта бошем.
Сунатулло Сайфуллоев – мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ховалинг