Чашмони аз гиряҳои ғарибӣ хирагаштаи наҳзатиҳо аз нури Наврӯзи хиратар хоҳад гашт!
Ҷумҳурии Тоҷикистон кишврест, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ин давлат рушди рӯзафзун ба назар мерасад, ки албатта ин пешравиҳо ба манфиати душманони миллат ва хосатан ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳамчунин дигар душманони миллату давлати мо нест ва сад дар сад хилоф аст. Хоинони миллати мо бо сафсатафурӯшӣ ва дағдағаҳои бепоя ва бебунёд мехоҳанд ҷавҳари созандагӣ ва ободкории мардумро нобуд сохта бо ин васила мардумро ҳамеша дар рӯҳияи ноумедӣ ва тарс нигоҳ доранд.
Ин гурӯҳҳо тавре ки ба ҳамагон маълум гаштаст, дигар мардумро фирефтаи худ сохта наметавонанд ва суханҳои фачу бемаънои онҳо дигар ба мардум таъсире ҳам расонида наметавонанд, аммо хоҷагонашон ин лӯхтакҳоро дар саҳна бо нақши сиёҳ бозӣ медоранд, ва манофеи шахсӣ ва гурӯҳии худро тавассути ин гарангону фурухташудагон пиёда намуда истодаанд.
Саркардагону роҳбарони ТЭТ ҲНИ тариқи паҳн намудани ахбори бардурӯғ, овардани далелҳои нодурусту бепоя, танқиди шахсиятҳо ва роҳбарияти давлату ҳукумати мо ба боварии хоҷагони хориҷии худ даромада дигаронро гумроҳ сохтан мехоҳан, аммо ин палидон набояд фаромуш созанд, ки мардуми моро дигар фирефтаи худ сохта наметавонанд, зеро мардуми мо дигар он мардуми содаи қарни гузашта нестанд. Имрӯз мо раҳнаме бо номи Эмомалӣ Раҳмон дорем, ки пешвои тамоми тоҷикони дунёст ва пиру ҷавон пайрави аз ин марди худодод намуда шукргузор аз он ҳастанд, ки дар давлати тенҷу ором, дар оғуши сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ ҳаёт ба сар мебаранду тамоми шароитҳои хуби буду бош, таҳсил ва фаъолият барои онҳо муҳайё гардидааст.
Агар Кабирии фурухташудаи палиду разил бо ҳамаслакони беватани худ рӯзҳою моҳҳо ва ҳатто солҳо ба муқобили Президенти кишвари мо санг партоянд ва нисбати Пешвои мимллати мо ҳарфҳои пасту бардуруғ гуфта бо хабарҳои беасосу подарҳавои хеш мардумро сарсон карданд хоҳанд инро набояд фаромуш созанд, ки он ҳама заҳматҳояшон бефоида аст ва касе дигар дар Тоҷикистони азиз аз ин қисми нопоки ҷомеа пайрави намекунанд ва нахоҳанд кард.
Наврӯз иди миллии Тоҷикон буда, онро бо дастгирию пешниҳоди Президенти кишвари азизамон дар тамоми саёра бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд бо суханҳои пучи наҳзатиён ҳеҷ гоҳ ин иди ниёгони мо аз байн намеравад ва ҳадафи ягонаи ин нокасон сиёҳ намудани номи роҳбарияти кишвари мо ва содиқ вонамуд кардани хеш дар назди хоҷаони хориҷии худ мебошад. Ин ҳама нишони бесоҳибиву бемантиқии кори Кабириву ҳаммаслакони террористаш мебошад. Вале ин ҷашну хурсандӣ боз барои ҷамъе кӯрдилу ҳасуду худбохтаю хоиноне чун кабириҳо ва кӯру каҷалаҳои наҳзатӣ ва хоҷагонашон яқинан мотам хоҳад овард. Ин нур дили сиёҳи онҳоро ториктар хоҳад кард. Чашмони аз гиряҳои ғарибӣ хирагаштаашон аз нури Наврӯзи хушпайк хиратар хоҳад сохт.
С.Давлатова – котиби матбуотии раиси ноҳияи Ховалинг