Хабарҳо

Нақшаи даъват бармаҳал иҷро иҷро гардид!

Нақшаи даъват бармаҳал иҷро иҷро гардид!

Бо мақсади сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи дуюми апрели соли равон дар маркази ноҳия ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони раёсату кумитаҳо, мудирирони шуъбаю бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ва ҷавонони шуҷоъу далери ноҳия иштирок доштанд.

Ҷамъомадро раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам, ифтитоҳ бахшида, даъватшудагонро ба муносибати ин рӯзи фараҳбахшу хотирмон самимона муборакбод намуда, иброз дошт, ки барои ҷавонон хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёти мебошад. Маҳз дар ҳаминҷо ҷавонписарон сабақӣ шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд.

Инчунин раиси ноҳия қайд намуданд, ки имрӯз барои хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳама шароитҳо барои ҷавонон фароҳам мебошад. Хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва қарзи шаҳрвандии ҷавонони бо нангу ори миллат аст!

Қисми зиёди ҷавонон бо ҳисси баланди Ватандӯстию хештаншиносӣ  ихтиёран ба Комисарияти ҳарбӣ ҳозир шуданд, ки нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи артиш дар рӯзи аввали даъват пурра иҷро гардид. Дар баробари ин зумрае аз даъватшудагон, ки дар курси омӯзишии мактаби автомобилии Ташкилоти Ҷамъиятии Мададгори мудофиаи ноҳия таҳсил намуданд дар ин рӯз бо шаҳодатномаи ронандагӣ қадрдони карда шуданд.

Дар охир баҳри болидахотирии наваскарон ва волидони онҳо барномаи фарҳангии ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия манзури тамошобинон гардонида шуд.