Хабарҳо

Ситоди  назоратии назди раиси ноҳия.

Ситоди  назоратии назди раиси ноҳия.

Аз 4.04.2020с. н. Ховалинг.

Дар ситод намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикстон Кабирзода Ҷ, раиси ноҳия Акрамзода Парвиз Акрам, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Бобоназаров Искандар, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳо раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, раисони маҳаллаҳо, иштирок доштанд.

Вохӯриро раиси ноҳия оғоз намуда, оиди хавфу хатари бемории сироятии коронавирус ибрози андеша намуд.

Баъдан сардухтури санитарию эпидемиологӣ Ализода А. баромад намуда, оиди паҳншавии коронавирус маълумот дода, қайд намуд, ки барои пешгирии ин беморӣ дар ноҳия тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд.

Ализода А. инчунин қайд намуданд, ки то санаи 04 апрели соли 2020 аз  руи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ;

1.Шумораи сироятёфтагони коронавирус дар ҷаҳон 1100 283 (як миллиону сад ҳазору 283нафар).

2.Шумораи сиҳатшудагон 226 669 (дусаду бисту шаш ҳазору 669 нафар)

3.Шумораи фавтидагон 50,3 (панҷоҳу аз даҳ се ҳазор) нафар ташкил медиҳад.

4.Паҳншавии коронавирус дар ҳудуди зиёда аз 200 давлати дунё  ба қайд гирифта шудааст.

Намояндаи ВКДҶТ Ҷурахон Кабирзода қайд намуд, ки бояд ташкилоту муассисаҳо дар ҳолати омодабош қарор дошта таҷҳизотҳои ёрии авалияи тиббӣ муҷаҳаз бошанд.

Дар охир раиси ноҳия ба ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо оиди пешгири паҳншавии бемории коронавирус супоришҳо доданд.