Хабарҳо

Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон

Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст ҳамасола дар кишвари азизамон аз 2 апрел то 9 апрел «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» таҷлил гардида, перомуни он фестивалу чорабиниҳо гузаронида мешавад. Имсол ин ҳафтаи фархунда санаи 2 апрел дар китобхонаи бачагонаи ноҳия(воқеъ дар МТМУ №6) бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Маъмурияти китобхонаи мазкур бо тайёрии ҳамаҷониба баҳри гузронидани чорабинии мазкур-«Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» намоишгоҳ таъсис дода буд, ки дар он намунаи китобҳои бадеӣ, ашъори шоирони классики форсу тоҷик, рӯзномаву маҷаллаҳо, ки дар он маводҳо перомуни мавзӯи китобу китобдорӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ нашр гардида буд ба маърази дид гузоштанд.

Дар чорабинии мазкур коллективи кормандони китобхонаи марказӣ, омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6, хабарнигорони рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Ховалинг» ва дӯстдорони китобу аъзоёни фаъоли китобхонаи марказӣ ширкат доштанд. Чорабинӣ бо суханони пурмуҳтавову муқадимавӣ аз ашъори шоирон дар васфи китоб таҳти суханварии хонандагони муассисаи мазку рва аъзоёни фаъоли китобхона Саодати Сайвалӣ ва Нигораи Ҷаъмахон оғоз гардида, сухан ба диретори китобхонаи марказӣ Маҳсиддин Сайтоҷов дода шуд.

Маҳсиддин Сайтоҷов зимни суханронии худ оиди мазмуну муҳтавои китоб, мафиати он ба инсон ва ҷалби ҷавонон унаврасон ба китобхонӣ ва аз нав эҳё гардидани китобдорию китобхонӣ аз тарафи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зад.

Ҳамчунин хонандагон, аъзоёни фаъоли китобхона аз ашъори шоирону адибон дар васфи китоб порчаҳои назмию насрӣ қироат намуда, саҳнаи ҷлибу таъсирбахш нишон доданд. Бояд иброз намоем, ки имсол 700 солагии яке аз нобиғаҳои бузурги халқи тоҷик, китобдору китобдӯст Камоли Хуҷандӣ аст ва китобдори китобхонаи бачагона Муҳаммадкарим Раҳимов аз фаъолият ва эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ ба таври пурра шарҳ дод ва якчанд нафар муҳассилин низ аз эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ порчаҳо қироат намуданд. Хонандагони мактаби санъати бачагонаи ба номи Фатҳиддин Тешаев бошад, дар ин чорабинӣ бо суруду таронаҳои худ дар васфи дониш, китоб ва кишвари азизамон ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуда, хотири ҳаводорони шеъру сурудро болида гардониданд.

Дар охир ба якчанд нафар дӯстдорони китоб аз тарафи маъмурияти китобхонаи марказӣ ифтихорнома супорида шуд.

Фарҳод Давлатов.