Хабарҳо

Коронавирус нави КОВИД-19 коҳиш ёфта истодааст.

Чи хеле ки мегӯянд солимии ҳар шахс дар дасти худи ӯст, аз ин рӯ мебояд талош  намоем, ки ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузорем. Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст тулӣ чанд моҳи охир натанҳо  давлати моро балки саросари ҷаҳонро  коронавируси нави КОВИД-19  низ ба ваҷҳ овардааст. Ин бемори дар ҳама гуна ҳолат метавонад таъсири худро ба инсон расонад, мо бояд барои бехатарии худ ва дигарон саъю кушиш намоем, то ин  ки саломатии худ ва атрофиёнро эмин нигоҳ дорем, зеро солимии мардум солимии ҷомеъа мебошад. Вируси нав метавонад дар минтақаҳои гарму иқлимашон намнок, ҳавои сард  паҳн шавад. Ин вирус бо ҳама гуна роҳҳо метавонад ба инсон таъсири худро расонад. Беҳтарин роҳи пешгири аз ин вирус  пайваста шустани дастон бо собун ба сару рӯй даҳону чашмон даст нарасонидан, маводҳои антисептикӣ (спирт) , ниқоб истифода бурдан  инҳам яке аз пешгирии ин вирус мебошад. Чи тавре ки ба мо маълум аст дар Ҷумҳурии мо ин вирус  рӯ ба нестшави ниҳодааст,  вале мо набояд аз ин хурсанди намоем, бепарвогии мардум низ метавонад  боз дубора  авҷ гирифтани ин беморӣ гардад. Аз ин лиҳоз мебояд эҳтиёткор бошему барои дигар авч нагирифтани ин вирус роҳ надиҳем.