Дар замони муосир масъалаи ифротгароӣ яке аз хатарҳои ҷиддӣ дар ҷомеаи ҷаҳони дониста мешавад. Ин ҷиҳати масъала ва воҷеияти тоза ба вуҷуд омада тақозо менамояд, ки табиати ин зуҳурот, заминаҳои пайдоиш таҳаввулот ва сабабҳои пайдо гардидани онҳо пайваста пурра ва ҳамаҷониба омӯхта шавад. Айни замон шаҳрвандоне, ки ба сафи равия ва ҳизбу ҳаракатҳои динӣ экстремистӣ ва ифротгарои ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан, хоини миллат ва Ватан ҳисобида мешавад. Ҳар шахсе, ки ба амалҳои бад даст мезанад на танҳо обурӯи хеш ва пайвандонашро, балки дар ҷомеа низ одами пасту бе обурӯ дониста мешавад. Аз ин рӯ мебояд мо дар ҷомеа тавре рафтор намоем намунаи ибрати дигарон ва ифтихори давлати хеш бошем. Мавриди зикр аст,ки роҳбари ТЭТ ҲНИТ ва дигар ҳаммаслаконаш ҳоло ҳам аз нияти бади худ даст накашидаанд, ҳаргиз пушаймон нашудаанд, балки баракс ҳиллаву тадбир меандешанд, чи тавр бори дигар миёни мардум ба ғаразҳои касифи худ ноил шаванд. Ҳама гуна афрод метавонад амалҳои зиштро анҷом диҳад, лекин ин гуна хислат одамро соҳиб мансабу обрӯманд намегардонад. Барои пешрафти ҷомеа мо бояд кушиш ба харҷ диҳем, ки ба амалҳои бад даст назада ва онҳое ки ба чунин роҳҳо мераванд сади роҳашон шавем, зеро пешравии миллату давлат дар дасти мо шаҳрвандон буда аз амалу рафтори мо вобастагии калон дорад.
Сабтҳои охирин
Пештози ифротгароён Муҳиддин Кабирист.
Соли 1991 бо пош хӯрдани кишвари паҳновари Шӯравӣ мувозинати манфиатҳои геополетикию геостротегӣ давлатҳои абарқудрати ҷаҳон халардор гардид. Дар таърихи аҳли башар марҳилаи сифатан нави сиёси давраи нави зери таъсири абарқудратон қарор гирифтани минтақаҳои ҷаҳон пеш аз ҳама қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупои Шарқӣ фаро расид. Ба истиқлолияти давлати расидани Тоҷикистон ба мисли ҳамаи ҷамоҳири […]
Ҷашни рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар МТМУ №2
Омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ҷашни таъсисёбии 31-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо омодагии ҳамаҷониба таҷил намуданд. Дар ин рӯз саҳни муассиса ба таври ҷашнӣ ороста шуда буд ва шиорҳои «Барои Ватан ҷон фидо мекунем», «Хизмат ба Ватан саодати мост», «Ватан баро мо модар аст ва онро аз дилу ҷон хизмат менамоем» […]
Баромади раиси нохияи Ховалинг Мачиди М. Х. вобаста ба татбиќи Стратегияи муубориза ба терроризму экстремизм
Бо шарофати азму талошҳои ватандӯстона ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманду заҳматпешаи ҷумҳурӣ ва ноҳия дар фазои сулҳу амният ва ваҳдати миллӣ ба раванди корҳои ободониву созандагӣ торафт вусъати тоза бахшида истодаанд. Вобаста ба вазъияти мураккабу глобалии имрӯзаи ҷаҳон, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати байналмилалӣ, ин […]