Хабарҳо

“Фурӯғи субҳи донои китоб аст”

 

Озмуни ноҳиявӣ таҳти унвони “Китобхони беҳтарин” дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат оид ба шинохт ва омӯзиши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров Ҷиҳати ташвиқи ғояҳои ватандӯстиву садоқат ба ватан, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш, омӯзиш ва шинохти дурусти таърихи пурифтихори халқи тоҷик аз рӯи шоҳасари Бобоҷон Ғафуров-китоби “Тоҷикон”, арҷгузорӣ ба насли ориёӣ, ифтихормандӣ аз ориётабор будани миллати сарбаланди тоҷик ва муаррифии арзиши илмии ин асари безавол ба қишрҳои мухталифи ҷомеа, инчунин дар ин замина тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию илмомӯзӣ, рӯ овардан ба китобу китобхонӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати халқи тоҷик ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2019) ироа гардид бо амри раиси ноҳия аз 3 январи соли 2020, таҳти №4  озмуни ноҳиявии “Китобхони беҳтарин” доир мегардад. Барои баргузории озмуни ноҳиявӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия масъули баргузории озмун буда, мутасаддиён шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, шуъбаи маориф, бахшҳои фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи кабӣ (коллеҷҳо) ва миёнаи асосӣ, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон барои иштироки довталабон аз ҳисоби аҳолии деҳот ва кормандон корхонаашон мусоидат менамоянд. Мутобиқи меъёри арзёбии ғолибони озмун ҳайати ҳакамон ба тарзи ҷавобҳои дурусту саҳеҳ ва пурраи довталабон диққати махсус дода, аз рӯи меъёрҳои зерин ба довталабони озмун баҳогузорӣ мекунанд: -барои донистани 50 дарсади саволҳо ҷойи сеюм ва маблағи 300 сомонӣ; -барои донистани 70 дарсади саволҳо ҷойи дуюм ва маблағи 500 сомонӣ; -барои донистани 100 дарсади саволҳо ҷойи якум ва маблағи 700 сомонӣ; -ба довталабе, ки ғайр аз ҷавоб ба саволҳои додашуда, оид ба бобҳои алоҳидаи китоб маълумоти дақиқ медиҳад 1000 сомонӣ дода мешавад. Дигар иштирокчиёни фаъоли озмун сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мегарданд. Дар озмун табақаҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд. Ҳайати ҳакамони озмуни “Китобхони беҳтарин” аз рӯи шоҳасари Бобоҷон Ғафуров, китоби “Тоҷикон” дар ноҳия бо амри раиси ноҳияи Ховалинг: Аҳрорзода Гулбарг Шариф-муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ; Олимов Олимхуҷа-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия; Ҳикматова Наргис-мудири бахши фарҳанги ноҳия; Тураева Паригул-мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия; Сайтоҷов Маҳсиддин-директори китобхонаи марказии ноҳия; Саидзода Амирхон-директори осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳия; Тешаев Воҳид-омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаи таълимии №3-и ноҳия таъин гардидаанд. Бинобар сабаби китоби илмӣ будани шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва душворфаҳм будани он барои кӯдакону наврасон, инчунин ба хотири маротиби аввал баргузор гардидани ин озмун ҳайати ҳакамон тасмим гирифтанд, ки ба иштирокчиён дар доираи ин асари безавол суолҳои соддаву оммафаҳм пешниҳод намоянд. Иштирокчиёни озмун метавонанд барои дастрас намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба китобхонаҳои  дар Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия мавҷудбуда муроҷиат намоянд. Гуфта мешавад, ки теъдоди ин китоб ҳамагӣ 44 ададро ташкил дода ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, арабӣ ва англисӣ мебошад. Кӯдакону наврасон барои дастрас намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз китобхонаҳо метавонанд бо ҳамроҳии падару модар ё устодони худ муроҷиат намоянд. Қабули довталабон барои иштирок дар озмуни ноҳиявии “Китобхони беҳтарин” аз рӯи шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз санаи 15 июни соли 2020 то 1 августи соли 2020 дар бахши фарҳанги ноҳия доир мегардад. Барои маълумоти муфассал пайдо намудан хоҳишмандон метавонанд ба бахши фарҳанги ноҳия муроҷиат намоянд. Боварӣ дорем, ки баргузор намудани ин ва чунин озмунҳо бори дигар ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ ва бохабар будан аз асли хешро дар қалби ҳар як шаҳрванди тоҷик, аз ҷумла сокинони ноҳия бедор менамояд. Наргис Ҳикматова, мудири бахши фарҳанги ноҳия.     Ба пешвози ҷашни Ваҳдати миллӣ Мояи хушбахтӣ ва рушди миллат “Ҳар касе ниҳоле сабзонда бошад медонад ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Аммо меваи ширин сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад Эмомалӣ Раҳмон. Он дарахте, ки Пешвои миллат бо сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо боровар гардида, меваи ширин медиҳад. Тақдир ва сарнавишти миллати тоҷикро дар солҳои 1992-1994 чун “ашки сари миҷгон” дар вазъи ҳассосе қарор дод. Ҷанги шаҳрвандӣ доғе ба ҷигари ҳар пиру ҷавон ниҳода, кӯлбори ғам ба души ҳар хонадон буд. Ин вазъият дар шеъри шодравон Устод Муъмин Қаноат чунин тасвир шудааст: Чунин рамзи беназмро кас надид, Ва тасвири онро набояд кашид. Зи тифлони гавҳора то пири кор, Бишуд сайди ин ҷангу тири шикор. Моҳи ноябри соли 1992 чун тулӯи офтоби деринтизоре, ки баъди чанд рӯзи боронии пайдарпай синаи абрҳоро шикофта берун мешавад, Сарвари давлати тоҷикон ба тахт нишаст. Ва ба нахустин сухани хеш “ман кори худро аз сулҳ сар мекунам” муждаи умедро ба дилҳо расонд. Дар воқеъ ин шахси ватандӯсту матинирода тавонист орзуву омоли деринтизори тоҷиконро ҷомаи амал пӯшонад. Ӯ ин миллати парокандаву парешонро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват намуда, сулҳро дар кишвари тоҷикон танинандоз намуд. Маҳз ба шарофати саъю талош ва фидокорию қаҳрамониҳои беназири Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон сояи яъсу ноумедӣ аз зеҳнӣ мардум зудуда шуд. Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ пеш аз ҳама ин санаи муборакро барои миллати тоҷик таҳният гуфта буд: Раҳми Парвардигори мо омад, Нури Ҳақ бар диёри мо омад. Ҷанги девонавори мо бигзашт, Сулҳи деринтизори мо омад. Ваҳдати миллӣ омили шукуфоии Ватан аст.ва ҳар давлате, ки дар он сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукумфармост, рӯз то рӯз мешукуфад, иқдисодиёташ тадриҷ меёбад, инчунин аз ҷиҳати сиёсӣ ва фарҳангӣ пешрафт, мекунад. Ваҳдат беҳтарин неъмат, пояи таҳкими давлат ва наҷоти миллат дар ҳар давру замон аст. Шоира Гулрухсор аз тулӯи ҳаёти нави мардуми кишвар ва эҳёи зиндагии пурбаҳои миллати бунёдкори тоҷик ба ваҷд омада, чунин меӯяд. Боз тоҷик, Миллати мурғи самандар, Аз шуои оташи худсӯзии худ, Марзи имонро биафрӯзад. Тоҷикистон сухт гар аз ҷаҳли тоҷик, Фазли тоҷик Тоҷикистонро биафрӯзад Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешони мо сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва хушбахтона, имрӯз дар чеҳраи ҳар фарди тоҷик нишоту хурсандӣ ҳувайдост. Ман чун як фарзанди миллати точик имруз бо сулҳу ваҳдати кишвари азизамон меболам ва ифтихор мегӯям ки пояи сулҳу осоиш дар сарзамини ҳамешабаҳори мо устувору мустаҳкам гардидааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшида, такягоҳи боеътимод мебошад. Шукр аз ваҳдати миллӣ менамоем, ки барои миллати тоҷик арзишу моҳияти бузург дорад. Шукр аз ваҳдат менамоем, ки бар ивази ҷони садҳо ҷавонмардони боору номӯси тоҷик ба даст омад. Шукр аз ваҳдат менамоем, ки он бебозгашт асту бар халқи тоҷик хушбахтиҳо овард. Шукр аз ваҳдате менамоем, ки он имрӯз мароми аслии тамоми тоҷикистониён гардидааст. Мавлуда Назарова.       Ҳамовозӣ Паём-дурнамои рушди мамлакат Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, доир ба пешбурди манфиятбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти ҳамаи соҳаҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Воқеан, Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбар кунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолиятҳои бунёдкорӣ дар он ифода меёбад. Мо бояд аз фазои осудаи мамлакат, ваҳдати саросарии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ шукргузорӣ намуда, барои пешрафти ҷомеа ва фароҳам овардани дастовардҳои нав беғаразона фаъолият намуда, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеоянд, саҳмгузор бошем. Зеро Паёми Пешвои миллат барои мо дастурамал асту чароғи раҳнамо. Бояд тазаккур дод, ки  ҳамасола дар ҷамъбасти сол ва дар остонаи соли нави мелодӣ ироа намудани Паёми Пешвои миллат ба парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқӣ худ яке аз рукунҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.   Яъне Паём суханони самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ва наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ироа шудани Паём аз тарафи Сарвари давлати Тоҷикистон ва доираи манфиятҳои миллӣ мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик аст. Дар айни замон дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, оинаи равшани рушди иҷтимоию иқдисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукамали кории тамоми ниҳодҳо ва қудбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад. На танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавишсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти олии онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.                                                                                                                                                                                                                                                               Нафиса Сафарова, Директории МТМУ №1