Дар ҳамон вақтҳои мудҳиши солҳои 90-ум илова бар қатлу куштори мардуми бегуноҳ ва бедодгариву золими аз ҷониби пайравони ташкилоти терористӣ экстремистии собиқ ҲНИ вилояти Кулоб ба муддати қариб 8 моҳ ба муҳосираи иқтисодӣ қарор дода шуд ва оқибаҳои фоҷиабовари ин амалҳои ғайри инсонии онҳо ба маротиб афзун гардид. Сокинони ин минтақаи кишварро аз дастраси ба одитарин молу маҳсулоти хурокворӣ маҳрум сохтанд, ки дар натиҷа авҷ гирифтани гуруснагӣ ва нарасидани маводи ғизоию доруворӣ гардид, ки сокинони ин минтақа маҷбуран ҳар гуна гиёҳҳон ва решаи дарахтонро истифода намуда дар натиҷа ба бемории сироятии марговар гирифтор шуданд. Ин гуна вазъият тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро фаро гирифта буд, гуноҳи он маҳз дар гардани ташкилоти терористӣ экстремистии собиқ ҲНИ мебошад. Мувофиқи маълумоти табибон бемории марговар галеотроп аз бемории коронавирус садҳо маротиба хавфноктар арзёби мегардад. Ба ҳамаи душвориҳои он замон нигоҳ накарда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист мардумро аз фалокат наҷот диҳад ва имрӯз низ мо дар якҷояги хилофи хоинони миллати тоҷик аз ин душвори раҳо хоҳем ёфт. Ташкилоти терористӣ экстремистии собиқ ҲНИ то ҳол аз ҳимояти пуштибонии мафкуравию молии хоҷагони аслиаш хадамоти махсуси кишвари мусулмони ба мардуми Тоҷикистон маълум бархурдор аст, аиқтараш онҳо ҳизбашонро сар додани нестан. Мехоҳанд Кабирию пайравонаш маблағҳои барояшон сарфшударо ҷуброн кунанд.Шахсоне, ки ба иштибоҳ роҳ медиҳанд бахшидан мумкин аст ва нафароне ки хиёнат мекунанд, бахшидан нашояд. Манбаҳои итиллоотрасони ташкилотҳои терористӣ экстремистии собиқ ҲНИ хадамоти махсуси кишвари мусулмони ба тоҷикон маълум барои ба роҳ мондани фаъолияти густурдаи таблиғотии ташкилоти терористӣ экстреместӣ собиқ ҲНИ ҳеҷ миқдор маблағро дареғ намедоранд. Вақт довари ифшокунандаи ҳама асрори нуҳуфта ҳодисаву воқеаҳо, нақшаву ниятҳо дар ҳама давру замонҳо буду ҳаст. Танҳо вақт ба фарзияю таъминҳо, гумонҳову нигарониҳо бо далелҳои муътамад парда аз рӯи ноаёниҳо гирифта таърихро бо аспаш бозгӯйи ҳамагон менамояд. Аз рӯи навиштаи интишорот ба назар мерасад, ки бархе аз нафарон бо роҳи фиребу найранг, фитнаангезиву иғвогарӣ худашонро ҳақикат шуморида мардумро зери фишори худ қарор дода бо роҳи ҳилаю найранг ба доми худ мебаранд. Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Бахши кор бо занон ва оила Мирзоева Д.
Сабтҳои охирин
ТАШАББУСҲОИ ШОИСТА
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободу зебо гардонидани диёр, тоза намудани муҳити атроф, кабудизоркунӣ ва бунёдкорӣ дар ноҳияи Ховалинг тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар партави дастуру супоришҳо таваҷҷуҳи бештарро ба ҳалли масъалаҳои муҳими экологӣ, аз […]
Абдулло Раҳнамо: “Паймони миллӣ” – санги мазори Ҳизби наҳзати исломӣ
Абдулло Раҳнамо: “Паймони миллӣ” – санги мазори Ҳизби наҳзати исломӣ
Эмомалӣ Раҳмон Пешвои муаззами миллат.
Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати тамаддунофару бостонии тоҷик саҳифаи нав боз намуд. Он давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ наҷот дод, ки бо талошҳо ва корнамоиҳои беназири Пешвои милдлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талъам аст ва дар тули 29 сол дастовардҳои беназир, зиндагии шоиста, шароити хубу арзанда, оромиву осудагӣ, Ваҳдати комили миллӣ ва ягонагиву муттаҳидиву […]