Хабарҳо

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Ифротгароӣ  маънои тундравӣ, моҷароҷӯӣ, зӯровариро дорад, ки дар ниҳояти кор бо мафҳуми терроризм муродиф аст. дар ҳамаи давру замонҳои таърихӣ гурӯҳҳои ифротгароӣ вуҷуд доштанд, бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию амалӣ зоҳир мекарданд ва аксар вақт нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро худи таъриху фарҳанги башарият тасдиқ намуд. Хусусан, дар ҷараёни пайдоиш, таҳаввул ва паҳншавии динҳои ҷаҳонӣ (буддоия, насрония, ислом) ақидаҳои гуногуни динию мазҳабӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва фалсафию ахлоқӣ эҷод шудааед, ки боиси сар задани низоъ ва муноқишаҳо гардиданд ва имрӯз ба хатари ҷиддӣ табдил шуд.Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон чунин омадааст: “Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои террористиву экстремистӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд”. Мардуми мо ҳамчун миллати фарҳангӣ ва дорои анъанаи қадами зӯровариву низоъ, ки ҷавҳари он чаҳорчӯбаи  принсипи миллии тоҷикии “маранҷу  маранҷон” аз баракати аҷдодони ҷафопарҳези мо, аз ҷумла Имоми Аъзам нуҳуфтааст, тавонист садди  роҳи низоъи бузурги байналмилалӣ гардида, дар мисоли худ нишон дод, ки тарзу усули дигар субот ва пешравии ҷомеъа низ вуҷуд дорад. Муқаддас донистани замин ва пок нигоҳ доштани он, ки бунёди фалсафаи одамияти тоҷикро ташкил медиҳад, аз даврони қадим то имрӯз моҳияти хешро барои мо гум накардааст  ва дар асоси он тоҷик наметавонад даст ба низоъ занад. Дар ҳақиқат ҳифзи суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа вазифаи асосии ҳар як давлат мебошад. Вазъи имрӯзаи ноороми ҷаҳону минтақа аз ҳар як корманди  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар талаб намояд, ки фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ, таъмини амнияту тартиботи ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакатро мустаҳкам намуда, вазифаҳои хизматиашро ба масъулияти баланд ва содиқона иҷро намояд.

Котиби матбуотӣ:                          Раҳматуллоева М.